Sebiston new 2024 october
Қонуни авфи дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон як соли дигар тамдид шуд
272

Дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар баробари дигар масъалаҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо назардошти натиҷаҳои мусбати марҳилаҳои зикршудаи татбиқи қонуни мазкур, ҳавасмандӣ ва муроҷиат барои идома ёфтани ин раванд ва билохира бо мақсади боз ҳам ғанӣ гардондани иқтисодиёти миллӣ тавассути тақвияти минбаъдаи ҷалби сармоя, бахусус сармояи дохилӣ муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо ба як соли дигар тамдид карда шуд.

Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгардондани дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД