goodwell
Қонуни афв: киҳо ба озодӣ мебароянд?
148

Дирӯз, 16-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи Қонун "Дар бораи афв"-ро имзо намуданд.

Қонуни мазкур ба 18 ҳазору 38 нафар маҳкумшудагон тааллуқ дошта, 11 305 нафар аз маҳбасҳо, муассисаҳои ислоҳӣ ва дигар намудҳои ҷазои ғайриҳабсӣ озод карда мешаванд.

Дар асоси қонуни нави афв муҳлати ҷазои 6733 нафар карда шуда, барои занон ва ноболиғон имтиёзҳои мушаххас пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, аз 507 нафар занони маҳбус, ки айни замон дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо намуда истодаанд, 248 нафар пурра озод карда шуда, муҳлати ҳабси 259 нафар занон кам карда мешавад. Аз 134 ноболиғи маҳкумшуда 99 нафарашон озод карда мешаванд ва муҳлати ҷазои 35 нафари боқимонда кам карда мешавад.

Қонуни мазкур ҳамчунин ба шахсоне дахл дорад, ки айни замон парвандаи ҷиноятиашон дар суд ё мақомоти тафтишотӣ қарор дорад.

Ба мақомоти давлатӣ супориш дода шудааст, ки давоми ду моҳ иҷрои қонунро таъмин намуда, ба президент ҳисобот пешниҳод намоянд. Мақомоти маҳаллӣ бояд барои бо кор таъмин намудани ноболиғони озодшуда чораҳои зарурӣ андешанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД