Волидони Ҷонон аз дўстии духтарашон бо Раҳмат шод буданд, вале намедонистанд, ки ин дўстӣ муҳаббат дар дунбол дорад.
Ҷавонон ҳамин хел ҳамроҳу ҳамбол донишгоҳро хатм намуданду ба ноҳия баргаштанд. Дар беморхонаи деҳа ба онҳо ҷойи кор фароҳам оварда шуд, онҳо ҳарду ҷарроҳ буданду шогирди як духтури кўҳансол. Танҳо баъди сипарӣ шудани ду моҳи ҳамкорӣ, Раҳмат ба Ҷонон изҳори ишқ карду гуфт, ки хостгоронашро мефиристад. Ҷонон розӣ шуд, зеро кайҳо тири ишқи ин ҷавони сабзинаи сиёҳабрў дилашро нишона карда буд. Раҳмат ба Ҷонон ваъда дода, мехост акнун ба волидонаш дилашро гўяд, аммо хабар надошт, чӣ рўзе интизораш аст…
Ҷанҷоли волидон
Ҳамон рўз сари дастархони ғизои шом Раҳмат дилашро ба падару модар ва бародараш кушод. Дар оилаи онҳо чор писар буданд, се бародараш алакай соҳиби оилаву хонаву дари обод гардида, бародарони калонӣ ҷудо зиндагӣ мекарданд, саввумӣ бо падару модар. Онҳо ҳамагӣ Ҷононро мешинохтанд. Аввал модар рўяшро турш карду гуфт:
- Ту чӣ айб дорӣ, ки лангро мегирӣ?!
Падару бародараш низ, модарро дастгирӣ карданд, аммо Раҳмат дар гапаш устувор монд. Пас аз як моҳи ҷангу ҷанҷолу дилсиёҳиҳо Раҳмат аз хона баромада рафт, зеро волидонаш ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ набуданд, ки Ҷонон келини онҳо шавад.
Раҳмат дар маркази ноҳия хонаякеро ба иҷора гирифта, худаш ба назди волидони Ҷонон хостгорӣ рафт. Ҷонон хостгорони зиёдеро рад карда буд ва амаки Самархуҷа медонист, ки духтараш Раҳматро дўст медорад, вале ҳаргиз умед надошт ин гуна хостгориро…
Раҳмат ба волидони дўстдоштааш гуфт, ки ба хотири духтари онҳо аз хона баромада рафтааст ва волидонаш ҳам, дар ин як моҳ ба суроғаш наомадаанд. Ҷонон ба падараш гуфт, ки ризо шавад. Ҳарчанд дар деҳа ин шармандагӣ ҳисоб ёбад ҳам, ба хотири духтари яккаву ягонааш марди баобрў ғурурашро зери по кард… Аз ҳисоби худаш тўйи зебое ороста, арўсро ба иҷорахонаи домод бурданд, зеро Раҳмат хонадомод шудан намехост…
Дар кўчаҳои зиндагӣ
Аз ҳисоби ноҳия ба ин ду табиби ҷавон замин ҷудо карданд ва Раҳмат байни ду-се сол хонаи зебое сохт. Соҳиби ду шоҳписари нозанин шуданд, дар як ноҳия зиндагӣ кунанд ҳам, волидон ҳатто ба дидани набераҳо намеомаданд. Бо маслиҳати Ҷонон, Раҳмат як рўз писаронашро гирифта, ба хабаргирии волидонаш рафт ва аз он тараф бо таъби гирифта баргашт. Ҷонон фаҳмид, ки ўро пайвандонаш хуб пешвоз нагирифтаанд. Хонуми хушгил чизе напурсида бошад ҳам, дигар дар гўши шавҳар ҳар шаб аз бобати меҳри волидайн панду андарз намехонд. Волидони Ҷонон Раҳматро мисли писарашон дўст медоштанду ҷонашонро барои хушнудии ў дареғ намедоштанд. Писари калонияшон Ардашер асосан бо бибию бобояш мезист. Чанд бор амаки Самархуҷа аз домодаш иҷозат хост, ки назди волидонаш рафта, бо онҳо гапзанон кунад, аммо Раҳмат нахост. Падару модараш рўйи хуш надиҳанд ҳам, Раҳмат зуд-зуд ба хабаргирии онҳо мерафт. Падараш оҳиста-оҳиста ба писараш гарм шуду бародаронаш ҳам. Онҳо ба хонаи Раҳмат меомаданд, аз меҳмоннавозию меҳрубонии Ҷонон сарашон ба осмон мерасид, авсунҳо ҳам ба хонаи онҳо роҳ ёфтанд, танҳо кампири модараш ҳеҷ «арўси ланг»-ро бахшидан нахост, ки нахост…
Агар каме лангидани пояш набошад, Ҷонон худашро пур карда, чунон соҳибҷамол шуда буд, ки аз диданаш кас сер намешуд. Аҳли ноҳия ба ў ҳурмату эҳтиром доштанд, дар яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳия беморхонаи замонавӣ кушода, ўро сардухтур монданд, вале барои хушдоман ҳамоно «Арўси ланг» буд…
Ҷонон ҳеҷ гоҳ ба хонаи хешони шавҳараш намерафт, аз тарси рў ба рў шудан ба хушдоман, вале дар баробари модараш барои хушдоманаш либоси қиматбаҳо харида, бо дасти Раҳмат мефиристод… Аммо онҳо рў ба рў заданд…
(Давом дорад)
Рухсора САИД