arzon replenishment
Ҷонам аз дасти хушдомани ҷанҷолӣ ба лабам расиду...
1705

Салом “Оила-и дардошно! Ман, як ҷавонзани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон монда қиссаи зиндагиамро нақл карда, аз шумо маслиҳат пурсидан мехоҳам.

Ману шавҳарам ҳамдигарро дар тӯйи дугонаам дида, маъқул кардем. Вақте ки ӯ маро ба мулоқоти ошиқона даъват намуд, хоҳишашро рад карда гуфтам, ки вақти “свиданияравӣ” надорам, агар нияташ ҷиддӣ бошад, хостгор фиристад. Ин гапам ба ҷавон писанд омада, худи ҳамон ҳафта падару модарашро ба хонаамон фиристод. Ростӣ, волидонам дар оғоз хостгории онҳоро қабул кардан намехостанд, вале “росташро гӯям, ман он ҷавонро як бор дар тӯйи дугонаам дидам, бачаи хуб менамояд” гуфтани маро шунида, модарам падарамро розӣ кард ва ҳамин тавр моро фотиҳа карданд.

Тӯямон хоксорона гузашта бошад ҳам, хурсанд будам, зеро шавҳарам ба ман писанд буд. Рӯзҳои аввал зиндагиамон хеле ширин мегузашт, аммо ин хушбахтии мо дер давом накард. Модаршӯям дар ҳама кору бори ман айб ҷуста, кӯшиш мекард, ки маро бо шавҳарам ҷанг андозад. Ҳамин тавр, талхиҳои зиндагии ман оғоз ёфт.

Тамоми кору бори хонаро сари вақт иҷро кунам ҳам, ҳамин ки шавҳарам аз кор баргашт, модараш косаро ба кӯза зада, фиғон мебардошт, ки кору бори хона мондагӣ, ин духтар рӯзи дароз аз хонааш намебарояд. Шавҳарам сари қаҳр маро зери мушту лагад мегирифт, ки ту зани танбал ҳастиву аз кори хона мегурезӣ. Умед доштам, ки фарзанддор шавем, шояд муносибати хушдоману шавҳарам бо ман беҳтар мешавад, аммо беҳ нашуд, ки бадтар шуд. Пас аз тавлиди писарчаам боз як баҳонаи нав барои ҷангу ҷанҷол пайдо шуд.

Хушдоманам акнун “ту ҳар рӯз памперс биёру шир биёр гуфта, писари маро хонасалот мекунӣ” гуфта, хонаро ба сараш бардошта, дар сари ман чормағз мешиканад. Шавҳарам аз моҷаро ва ҷангу ҷидоли ману модараш безор шуда, хонагурез шудааст.

Ҷонам аз дасти хушдоман ба лабам расидаасту намедонам сарамро ба куҷо занам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Зуҳро, аз н. Ваҳдат.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Назокат 2023-10-07, 17:04
Швабра нест ми хонии шумо ба ? Набошад чоруб будагист? На самом деле келини танбал буден, истифодаи швабраву чорубро дар кадом холат истифода бурданро намедонистаед. Ана дар хамин холат ин асбобхои рузгор лозиманд. Хушдоман як виғ кард ҷоруб кати ду се то ба сару руяш занед. Хап накард садо баланд кард швабрая гиреду дар пову дасту пушту паҳлӯ занед, ки якбор шайтону изроил аз вуҷудаш барояд. Баъд ана ба имону мусалмон ва хушдомани меҳрубон шуда мебрава! Вассалом
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД