Мегӯянд, ки агар номи писар, масалан Алӣ бошад, Алиҷон гуфта фарёд кардан ҷоиз нест, зеро “ҷон” номи шайтон аст.
Фаҳмидан мехостам, ки оё дар ҳақиқат аз нуқтаи назари ислом чунин аст?
Муҳаммад, хонанаи сомонаи ОИЛА ТҶ
Посухи Раёсати фатвои ҶТ
Бародари азиз, яке аз усули мазҳаби Имоми Аъзам (рҳ) урф мебошад. Дар урфи мо калимаи “ҷон” маҷозан ба маънои азизу арҷманд меояд ва мафҳуми меҳрубонию дўстдориро нисбат ба фарзанд ифода мекунад. Бинобар ин, истифодаи калимаи “ҷон” дар урфи мо тоҷикон ба ҳамин маъност.