Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ”, омӯзишҳои амалӣ барои омода намудани тренерони сатҳи миллӣ дар вилояти Хатлон баргузор гардиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, омӯзишҳо ба мутахассисони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон равона шуда, ҳадафи асосии он таъмини татбиқи пурраи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм (EMIS) дар сатҳи маҳаллӣ мебошад. Дар ҷараёни дарсҳо иштирокчиён бо усулҳои муосири истифодаи система, таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ, идоракунии равандҳои дохилии муассисаҳо ва кор бо маълумоти оморӣ шинос гардидаанд.
Гуфта мешавад, ки мутахассисони омодашуда минбаъд ҳамчун тренерони минтақавӣ ва миллӣ барои омӯзонидани кормандони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон сафарбар карда мешаванд. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки ҷараёни татбиқи EMIS дар ҳамаи зинаҳои маориф бо самаранокии баланд ба роҳ монда шавад.