arzon replenishment
Омӯзиши муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо
15.11.2024
ОИЛА.ТҶ
316

Дирӯз, 14-уми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Созишномаи байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи минтақаи Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавассути ташаббуси «Озмоишгоҳҳои хуб - саломатии қавӣ» расонидани кумаки техникӣ ва дастгирӣ дар таҷдиди назар/таҳияи дастурҳои озмоишӣ оид ба бехатарии биологӣ, идоракунии хатарҳои биологӣ барои озмоишгоҳҳои биотиббӣ дар мавзуи «Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо» машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд, ки он имрӯз низ идома хоҳад ёфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар машғулияти омӯзишӣ тренерон, мутахассисони масъули озмоишгоҳҳои марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок карда истодаанд.

- Ҳамин тавр, дар ҷараёни машғулияти омӯзишӣ аз ҷониби тренерон ба иштирокчиён оид ба масъалаҳои алоқаманди мавзӯи мазкур маълумотҳои муфассал пешниҳод карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД