Arzon march 2024
Омӯзиши асосҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар табиат
14.11.2024
ОИЛА.ТҶ
217

Дар ҳамкорӣ бо Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА), Раёсати идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия (AFAD) ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Омӯзиши асосҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар табиат” баргузор карда шуд.

Баргузор намудани чунин омӯзишҳои назариявӣ ва амалӣ дар чорчӯбаи “Барномаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ” ба таҳкими иқтидори иштирокчиён, ки дар раванди вокуниш ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода нақши фаъол доранд, равона карда шудаанд.

3_1

Дар рафти омӯзиш, ки бо истифода аз таҷҳизоти махсуси аз ҷониби ТИКА ба КҲФ тақдимгардида гузаронида шуд, асосҳои марбут ба соҳаи ҷустуҷӯ ва наҷот, аз қабили усулҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар табиат, идоракунии ҷои ҳодиса, истифодаи ресмон ва тарзи гиреҳбандӣ ва усулҳои таҳлияи бехатар ба таври назариявӣ ва амалӣ мубодила карда шуданд.

Дар маросими тақдими шаҳодатномаҳо, ки пас аз ба анҷом расидани омӯзиши шашрӯза баргузор карда шуд, Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози ТИКА дар Душанбе Ибраҳим Этҳем Унал ширкат карданд.

4_1

Сафир Аҷар бо ишора ба аҳамияти ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Туркия изҳор дошт, ки ин барномаи омӯзишие, ки дар ҳамкорӣ бо ТИКА ва Раёсати идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия (AFAD) барои дастаи наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ташкил гардид, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байни кишварҳо дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ мусоидат хоҳад кард.

9

Раиси КҲФ Генерал Рустам Назарзода аз густариши ҳамкориҳо бо Туркия дар самти ҷустуҷӯ ва наҷот барои тавлиди роҳҳои ҳалли муштарак алайҳи офатҳои табиӣ, ки мушкили умумии башарият аст, изҳори қаноатмандӣ кард.

7

Интизор меравад, ки омӯзишҳо дар самти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТИКА ва Раёсати идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия (AFAD) дар давраи оянда низ идома хоҳанд ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД