formula feb 2025
Омӯзгорони донишкада намоиши инфиродии асарҳои эҷодӣ гузаронидаанд
150

Соли сипаришуда аз ҷониби омўзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Одиназода Бахтиёр, Саидов Наврӯз, Шералиева Умеда ва Ҷалолова Парвина намоиши инфиродии асарҳои эҷодӣ гузаронида шудааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷуразода Сироҷиддин иттилоъ дод.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки омӯзгорони эҷодкори донишкада дар зиёда аз 10 намоиши сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва дохилидонишкадавӣ иштирок намуда, асарҳои худро ба намоиш гузоштаанд.

Инчунин, 7-уми июни соли 2024 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ расман кушода гардидааст, ки дар он намоишҳои китобҳо ва 13 асари миниатюраи муаллими калони кафедари графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев Камолзода Олим ба намоиш гузошта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД