Commerc banl
Омӯзгоре, ки хонандаро шаппотӣ зад, ҷазо гирифт
131

Фарҳод Назаров, омӯзгори ҷавоне, ки дар Левакант як хонандаро шаппотӣ зада буд, ҷазо гирифт.

Ҳодиса дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и Леваканд сар зада, наздикони Меҳмед Бозоров, хонандае, ки гӯё баъди ӯро шаппотӣ задани омӯзгор Фарҳод Назаров аз ҳуш рафтааст, навори видеоиеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд, ки баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Дар пайи ин навор қазияи омӯзгор ба додгоҳ кашида шуд.

Ҳукм рӯзи 16-уми феврал содир гашта, бар асоси моддаи 174-и КҶ Тоҷикистон омӯзгори ҷавон Фарҳод Назаров ба 200 соати корҳои ҳатмӣ маҳкум шудааст.

Директори мактаби рақами 4-и Левакант Сафар Қурбонназаров гуфтааст, ки Фарҳод Назаров дигар дар муассисаи мазкур фаъолият намекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД