Soranus
Омӯзгор ба ҷойи раҳмат шунидан мушту лагад хӯрд!
1862
Дирӯз хабари дар Рӯзи муаллимон аз ҷониби волидони яке аз хонандагон латукӯб шудани як омӯзгор дар шаҳри Ваҳдат дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта, сарусадоҳои зиёдеро дар байни ҷомеа ба миён овард.
 
Ҳодиса рӯзи 5-уми октябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Ваҳдат рӯй дода, модари яке аз толибилмон бидуни иҷозат ба сифхона даромада, дар пеши назари хонандагон муаллима Файзихон Раҷабоваро латукӯб намудааст. Омӯзгор ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ гаштааст.
 
Тавре аз муроҷиати худи муаллима Файзихон Раҷабова ба Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бармеояд, як рӯз қабл аз сар задани ин ҳодиса, санаи 4-уми октябр муаллима ба шогирдаш Шаҳзода Мӯминова баҳои 2 гузошта, ба хотири беодобӣ ва вайрон кардани рафти дарс ӯро ба утоқи директори мактаб бурдааст, вале роҳбари муассиса ба ҷойи ҳал кардани масъала онҳоро ба назди муовинаш фиристодааст. Рӯзи дигар ҳангоми дарс модари духтар ба мактаб омада, дар пеши назари хонандагон муаллимаро зери мушту лагад гирифтааст.
 
Файзихон Раҷабова омӯзгори фанни таърих буда, аз муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҷозот намудани шахсеро, ки ӯро дар пеши чашми шогирдонаш таҳқир ва латукӯб кардааст, хоҳиш кардааст.
 
Вазорати маориф ва илми кишвар ба муроҷиати омӯзгор вокуниш нишон дода, навиштааст, ки ин ҳодисаро мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД