Formula novemver 2024
Омори ҳалокати одамон бар асари сел маълум шуд
514

Дирӯз бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 нафар одамон, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Сарвари давлат иттилоъ додааст.

Дар робита ба ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва бозмондагони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд.

Роҳбари давлат, ҳамчунин, ба Сарвазири мамлакат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида кӯмак расонида, доир ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки сел рӯзи 25 август, соати 17:10 дар километриҳои 110-115 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ки аз қаламрави деҳаи Пете ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ мегузарад, роҳро баст.

Ҳамзамон, 23 август дар километри 250-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхоб, наздикии Арчакаппа бар асари об шудани пиряхи “Баралмас” сел омад ва маҷрои дарёи Сурхобро баст. Дар натиҷа 400 метр роҳи мошингард шуста шуда, 3 симчӯби интиқоли қувваи барқ ва 150 метр кабели қуввааш 10 кВт хароб шуд. Роҳ муваққатан баста шуда буд.

Барои бартараф намудани ҳолати бамаломада ва тоза кардани роҳу аз сар гирифтани ҳаракати мошинҳо 3 адад техникаи муҳандисӣ сафарбар карда шуд. Ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир гардид.

Аз идора: Дар мавриди дигар хисороти ин офати таббиӣ иловатан иттилоъ медиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД