arzon replenishment
ОМОР: ТЕЪДОДИ ФАВТИДАГОНИ COVID-19 ТО ИМРӮЗ ДАР КИШВАР
29.07.2021
Р. Азимӣ
4321


Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ, теъдоди фавтидагон аз бемории ҳамагир яъне COVID-19 ба 120 нафар расидааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.

Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, 84 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.

"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 68 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.

Ҳамзамон вазорат хабари нохуш додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, аз ин беморӣ як нафар ҷон бохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 120 нафар расид.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 14845 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14313 нафар шифо ёфтаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.

Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД