goodwell
Омлет бо картошка
11.10.2026
Oila.tj
39

Маҳсулоти лозима:

5 дона тухм, 100 грамм картошка, 100 грамм панир, 100 грамм ҳасиб, намак ва мурч мувофиқи табъ, равғани растанӣ - барои бирён кардан.

Тарзи таҳия:

Картошка ва ҳасибро ба пораҳои тунук буред. Панирро аз турбтарошаки дандонаш калон гузаронед. Тухмҳоро дар зарфи чуқур бо намак бо истифода аз чангак ё кафгир то яклухт шудан лат занед. Ба тобаи тафсон равғани растанӣ рехта, картошкаро гузоред ва дар оташи миёна аз ду тараф то сурхранг шуданаш бирён кунед. Хоҳед, метавонед ба картошка каме намак пошед. Сипас омехтаи тухмро болои картошка резед, пораҳои ҳасибро рӯйи он гузоред ва бо панири резакардашуда пошед. Тобаро бо сарпӯш пӯшонда, дар оташи паст 5–7 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД