arzon replenishment
Ҳомиладории аввалин
27.02.2023
Оила
2172


Рисолати асосии зан дар зиндагӣ таваллуд ва тарбияи фарзанд буда, чизе дар дунё бонувонро ба андозаи ҳомиладории аввалин хурсанд карда наметавонад, вале аз сабаби бетаҷрибагӣ бо пайдо шудани аввалин мушкилиҳои давраи ҳомиладорӣ хонумҳое, ки бори нахустин модар мешаванд, сахт ба ташвиш меафтанд.

Аз ҳамин хотир, мо қарор додем дар бораи ҳомиладории нахустин ва мушкилиҳое, ки зани ҳомила бо онҳо рӯ ба рӯ гашта метавонад, каме маълумот диҳем.

        Чанд далел дар бораи ҳомиладории якум
Агар шумо бори аввал ҳомиладор шуда бошед, пас ин далелҳоро дар хотир бигиред:
1. Занҳое, ки бори аввал ҳомила мешаванд, бордориашон ба зудӣ маълум намешавад. Сабабаш дар он аст, ки мушакҳои шикам ҳанӯз пурқувват буда, садди роҳи дамидани шикам мегарданд.
2. Дар давраи ҳомиладории аввал дар вуҷуди зан тағйиротҳои зиёди ҳормонӣ ба вуҷуд меоянд. Ин раванд ба давраи ба бағолат расидан монандӣ дошта, фақат суръаташ тезтар аст.
3. Аксари занҳое, ки бори аввал ҳомила шудаанд, аз тарси дарди зодан ба ваҳму воҳима афтида, ба стресс гирифтор мешаванд. Кӯшиш кунед, ки худро ба даст бигиред, чунки асабоният ва стресс ҳам ба саломатии зан ва ҳам ба тифли батнаш таъсири манфӣ мерасонад. Таваллуд кардан як раванди табиӣ буда, он гунае, ки занҳо воҳима мекунанд, дарднок нест. Дарди зодан баъди тавлиди тифл дарҳол аз ёд меравад.
4. Дар давраи ҳомиладорӣ зан бояд худро аз тамоми бемориҳо эмин нигоҳ дорад, чунки ҳатто зуком ва шамолкашии оддӣ метавонад боиси ба организм роҳ ёфтани вирусу микробҳо гашта, мушкилоти ҷиддиро ба миён биёрад, бар замми ин, доруҳое, ки шумо мехӯред, ба тифли батнатон зарар мерасонанд.
5. Мабодо шумо дер ба шавҳар баромада, синну солатон аз 30 гузашта бошад, пас ҳомиладориатон душвор мегузарад. Барои ҳамин қабл аз ба нақша гирифтани ҳомиладорӣ аввал ба назди духтури занона-гинеколог рафта, аз ташхис гузаред, УЗИ кунед, табобат бигиред ва саломатиатонро барқарор намуда, баъд ҳомила шавед. Фарзанди солимро модари солим ба дунё меорад.
6. Сарторикию дилбузуҳурӣ, дарди ғадудҳои ширӣ ва тез-тез пешоб кардан аз мушкилиҳои асосии ҳомиладории аввал буда, ҳамзамон дарди миён шуморо азоб дода метавонад. Сабабаш дар он аст, ки бачадон якбора калон шуда, ба дигар узвҳо, махсусан ба пешобдон ва роҳҳои пешобгузар фишор меорад.
7. Дар баъзе занҳои ҷавон дар давраи ҳомиладории аввал дарди миён то таваллуд кардан идома меёбад, зеро бори шикам ба сутунмӯҳра гаронӣ мекунад.
8. Дар давраҳои охири ҳомиладорӣ дар шикам як рахи дароз пайдо мешавад. Натарсед, баъди таваллуд кардан он худ аз худ гум шуда меравад.
9. Ба қиссаҳои дугонаҳоятон дар бораи чь қадар сахт ва ҷонкоҳ будани дарди зодан гӯш надиҳед, зеро ҳар қадар чунин нақлҳоро бисёртар шунавед, ҳамон андоза тарс дар вуҷуди шумо амиқтар хона карда, дар ҳақиқат таваллуд карданатонро душвор мегардонад. Сабабаш дар он аст, ки вақте шахс аз чизе сахт метарсад, мушакҳо кашида мешаванд. Ҳар қадар, ки шумо ором бошед, ҳамон андоза таваллуд карданатон осонтар мешавад.
Айни замон дар аксари дармонгоҳҳо утоқҳои машваратӣ барои занҳои ҳомила вуҷуд доранд. Имконият дошта бошед, ҳатман ба ин утоқҳо худро номнавис кунед. Дар он ҷо мутахассисон ба занҳои ҳомила тарзи дурусти тайёр шудан ба таваллуди фарзанд, нафаскашӣ дар вақти чордард ва дигар роҳу воситаҳоеро нишон медиҳанд, ки ҷараёни таваллудкуниро осонтар мегардонанд.

          Мушкилиҳои асосии давраи ҳомиладорӣ
Дар давраи ҳомиладорӣ шумо метавонед ба мушкилиҳои зерин рӯ ба рӯ гардед:
1. Роҳгардӣ каме душвортар шуда, шумо мисли пештара ба қавли кампиракон “буз барин парида” наметавонед. Ба назари худатон шеваи роҳгардиатон аҷиб менамояд, вале барои зани ҳомила ин як чизи муқаррарӣ аст. Маъмулан дар давраи охири ҳомиладорӣ хоб рафтан низ душвор мешавад, вале шумо бояд ба ин чиз тоқат кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД