Имрӯз дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис дар байни наврасон баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар додааст.
Маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон имрӯз, соати 16:00 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар мусобиқа 64 варзишгар аз 13 давлат иштирок намуда, байни ҳам рақобат мекунанд. Бозиҳо ба таври инфиродӣ, ҷуфт ва ҷуфти омехта доир мешаванд.
Аввалин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2005 доир шуда буд. Ин мусобиқа соли 2021 ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.