Имрӯз, 23-юми январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасон (U-17) баргузор мешавад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, рақибони дастаи наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ муайян хоҳанд шуд. Қуръакашӣ соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Бояд гуфт, Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасони то 17-сола аз 3 то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дастаҳое, ки ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025 хоҳанд шуд.