Ҷоми лигаи Англия: “Арсенал” ба финал роҳ ёфт
05.02.2026
Oila.tj
80

Бозии ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми лигаи Англия байни дастаҳои “Арсенал” ва “Челси”-и шаҳри Лондон ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эмирейтс”-и шаҳри Лондон баргузор шуда, бо пирӯзии “Арсенал” бо ҳисоби 1 бар 0 хотима ёфт.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голи ягонаи бозиро Кай Хавертс дар дақиқаи 90+7 ба самар расонд. Ҳамин тавр, “Арсенал” бо назардошти пирӯзӣ дар бозии аввал бо ҳисоби 3:2, дар натиҷаи умумӣ 4:2 ғалаба карда, ба финали мусобиқа роҳ ёфт.

Бозӣ дар фазои шиддатнок ҷараён гирифт. Ҳарду даста барои ба даст овардани роҳхат ба финал талошҳои зиёд анҷом доданд, аммо мудофиаи боэътимод ва бозии мутамаркази “Арсенал” имкон надод, ки “Челси” ҳисобро кушояд. Дар охирин лаҳзаҳои бозӣ фишори соҳибмайдон натиҷа дод ва голи ҳалкунанда зада шуд.

Финали Ҷоми лигаи Англия рӯзи 22-юми март дар варзишгоҳи “Уэмбли”-и Лондон баргузор мешавад. Дар бозии ҳалкунанда “Арсенал” бо ғолиби ҷуфти “Манчестер Сити” ва “Нюкасл Юнайтед” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки ғолиби феълии Ҷоми лигаи Англия дастаи “Нюкасл Юнайтед” мебошад. Дар финали соли гузашта “Нюкасл Юнайтед” бар “Ливерпул” ғалаба карда, бори аввал дар таърихи худ соҳиби ин ҷом гардида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД