Дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии Марко Раҷинӣ бозии охирини худро дар Ҷоми ҷаҳон-2025 анҷом дод.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар даври сеюми гурӯҳи «I» дастаи наврасони Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Буркина-Фасо шикаст хӯрд (0:2). Дастаи мо дар гурӯҳи худ дар ҷойи охирин қарор гирифт.
Дастаи то 17-солаи Тоҷикистон дар даври аввал аз тими Чехия бо ҳисоби 6 бар 1 мағлуб шуда буд. Ягона голи дастаи моро Муҳаммад Назриев ба самар расонид.
Дар даври дуюм дастаи мо аз тими ИМА бо ҳисоби 2 бар 1 ноком шуд. Ягона голро Муҳаммад Назриев аз ҳайати тими мо ба нишон расонд. ИМА бо ин ғалаба роҳашро ба марҳилаи плей-офф ҳамвор намуд. Дар бозии дигари гурӯҳ тими ИМА бо Чехия бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар гурӯҳи “I” дастаҳои ИМА, Буркина-Фасо ва Чехия ба марҳилаи плей-офф баромаданд. Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ мусобиқаро ҷамъбаст намуд.
Қаҳрамони феълии мусобиқа мунтахаби то 17-солаи Олмон маҳсуб мешавад, ки дар финал Фаронсаро шикаст дод. Бозиҳоро соли 2023 Индонезия мизбонӣ карда буд.