Ҷоми ҷаҳон-2025: ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон маълум шуд
01.11.2025
Oila.tj
91

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон Марко Раҷинӣ ҳайати ниҳоии дастаро ҷиҳати ширкат дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3 то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад, эълон кард.

Рӯйхати ниҳоӣ 21 бозигарро дар бар мегирад - 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар.

Дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Чехия (5-уми ноябр), ИМА (8-уми ноябр) ва Буркина-Фасо (11-уми ноябр) рақобат менамояд.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои Ҷоми ҷаҳон-2025:

Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов, Муҳаммадраҳим Раҳмонов, Анӯшервон Қурбонзода (ҳама - «Душанбе»);

Дифоъгарон: Мустафо Ҳасанбеков, Аҳмадҷон Шоев (ҳама - «Истиқлол»), Абдусамад Меликмуродов («Сардор»), Меҳроҷиддин Розиқов («Душанбе»), Шуҳрат Нурматов (Академия ФФТ), Садриддин Сатторов («Вахш»), Саидҷон Хоҷаев («Равшан»);

Ниммуҳофизатгарон: Меҳрубон Одилзода, Парвиз Бобоназаров, Рамазон Бахталиев (ҳама - «Истиқлол»), Зариф Зарифзода, Баҳодур Назарзода, Абдулло Иброҳимзода (ҳама– «Душанбе»), Ҳайдаршо Худойдодов («Эсхата»), Мунаввар Анварзод (Академия ФФТ);

Ҳамалагарон: Муҳаммад Назриев («Истиқлол»), Назрулло Ашурализода («Душанбе»), Асадбек Махтумов («Эсхата»).

Сармураббӣ: Марко Раҷинӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД