arzon replenishment
ҶОМАИ ДОМОДИИ ДИЛОВАР БА КАФАН МУБАДАЛ ГАШТ
16591

Диловари Зуҳуриён, оҳангсози шинохтаи эстрадаи тоҷик шаби 18 октябр, тахминан соати 23 дар роҳи Данғара –Ваҳдат дучори садама шуда, ҷароҳатҳои вазмини ҷисмонӣ бардошт, шарҳ медиҳад сароянда Абдураҳмон Ҳакимзода.

Тақдир бо Диловари ғуррамарг бозиҳои худро кард. Диловар Зуҳуриён аз ҳамсараш ҷудо шуда, бори дуввум арӯсӣ кардааст. Ӯ мехост мисли дигар мардон хушбахт шавад ва оилаи солим барпо намояд. Бо ҳамин ният Диловар рӯзи 18-октябр ба Данғара барои овардани арӯси нозанин рафта, бо шодию сурур ба хонаи худ раҳсипор гашт. Аммо...

Дар роҳ сабукраве, ки дар дохили он арӯсу домод буданд, бо як мошини боркаш бархӯрд. Тӯй бо фалокат анҷомид. Дар ин садамаи хунбор яке аз дӯстони Диловар дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардиду худи оҳангсоз бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба беморхона интиқол дода шуд. Аммо умр вафо накарду Диловар ҷон ба ҷонофарин супорид.

Диловар Зуҳуриён аз оҳангсозони ҷавон, вале шинохтаи тоҷик аст, ки барои овозхонҳои маъруфе, чун Сурайё Қосим, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Манижа Давлатова ва чандин ситораи дигари эстарадаи тоҷик оҳанг менавишт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД