tobiston
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии “Архимед” пазироӣ шуданд
07.07.2025
Oila.tj
87

Дирӯз, 6-уми июл дар майдони Исмоили Сомонӣ маросими пуршукӯҳи пазироии ғолибони Олимпиадаи байналмилалии “Архимед” баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, дар ин олимпиада, ки яке аз маъруфтарин мусобиқаҳои илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, хонандагони лаёқатманди шаҳри Бохтар бо натиҷаҳои шоиста баромад карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими пазироӣ муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис, падару модарон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, омӯзгорон ва намояндагони ВАО ширкат варзида, ғолибонро бо гулдастаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва суханони табрикӣ истиқбол гирифтаанд.

Номгӯи ғолибон ва дастовардҳои онҳо:

1. Наимзода Яҳё - хонандаи синфи 4-и Муассисаи давлатии "Литсей барои хонандагони болаёқат" - сазовори ҷойи якум;

2. Ҷумазода Довуд - хонандаи синфи 4-и Муассисаи давлатии "Литсей барои хонандагони болаёқат" - сазовори ҷойи дуюм;

3. Саидова Самира - хонандаи синфи 5-и Муассисаи давлатии "Литсей барои хонандагони болаёқат" - сазовори ҷойи сеюм;

4. Исматзода Умед - хонандаи синфи 5-и Муассисаи давлатии "Литсей барои хонандагони болаёқат" - сазовори ҷойи сеюм;

5. Абдураҳимзода Мустафо - хонандаи синфи 6-и Муассисаи давлатии "Литсей барои хонандагони болаёқат" - сазовори ҷойи сеюм;

6. Баротзода Муҳаммад - хонандаи синфи 5-и Муассисаи давлатии "Литсей барои хонандагони болаёқат" - сазовори ҷойи сеюм;

7. Ғаффорзода Муҳаммад - хонандаи синфи 5-и Муассисаи давлатии "Литсей барои хонандагони болаёқат" - сазовори ҷойи ифтихорӣ;

8. Шарифзода Саидаҳтам - хонандаи синфи 5-и Муассисаи давлатии "Литсей барои хонандагони болаёқат" - сазовори ҷойи ифтихорӣ.

Масъулини соҳа изҳор доштаанд, ки ин дастовард натиҷаи заҳмати шабонарӯзии хонандагон, омӯзгорони меҳнатдӯст ва дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат дар самти рушди соҳаи маориф мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД