Имрӯз дар Боғи "Куруши Кабир"-и шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева, обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодию ҳалвопазӣ баргузор гардид.
Дар ин бора ҳамкорамон Мирсаид Сатториён аз ҷараёни Фестивал хабар дод .
Чорабинии мазкурро
Исоҷон Қурбонзода, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав ифтитоҳ намуда, баргузории чунин Фестивалро такони ҷиддӣ барои иштирок дар фестивалҳои сатҳи ҷаҳонӣ унвон кард.
Сипас, ҳакамону меҳмонон ва иштирокдорони Фестивал бо намоиши маҳсулот, аз ҷумла, яхмос, дўғоб, шарбати меваҳои гуногун, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос шуда, беҳтарин навъҳои онро муайян намуданд.
Баъд аз дида баромадану санҷиши маҳсулот ғолибони Фестивали мазкур муайян карда шуда, дар фазои тантанавӣ ба онҳо ва иштирокдорон диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷойи аввалро дар ин Фестивал аз рӯи номинатсияи қаннодӣ ҶДММ "Амирӣ", аз номинатсияи обҳои ташнашикан ширкати "Сиёма аз номинатсияи дӯғоб ҶДММ "Шири Данғара" ва аз номинатсияи яхмос ширкати "Дӯсти Алишер" ба даст оварданд.