goodwell
Ғолибони даври вилоятии озмуни “Омӯзгори сол” қадрдонӣ шуданд
01.05.2026
Oila.tj
65

Дар ноҳияи Ёвон маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол” бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, довталабон ва дигар масъулон доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, зимни чорабинӣ нафароне, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд, аз ҷониби Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ғолиби даври вилоятӣ минбаъд дар даври ҷумҳуриявӣ бо довталабони дигар минтақаҳои кишвар рақобат намуда, барои сазовор гардидан ба Ҷоизаи соҳавии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” талош хоҳад варзид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибон барору муваффақият дар марҳилаи навбатии озмун таманно гардида, идомаи чунин иқдомҳо ҷиҳати рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД