Formula novemver 2024
Ғолибон Юсупов дар ҷашни зодрӯзаш чӣ сюрприз кард?
611


Рӯзи гузашта яке аз сарояндаҳои маҳбуби эстрадаи тоҷик Ғолибҷон Юсупов ҷашни милод дошт.

Ғолибҷон Юсупов - 21 декабри соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. Аслан иқтисодчӣ бошад ҳам, шавқу ҳаваси зиёдаш ба санъат ӯро дар ин ҷода комёб гардонидааст. Таронаҳои дилнишин ва ҷаззоби ошиқонааш Ғолибҷон Юсуповро азизи дили ҳазорон-ҳазор ошиқону дилбохтагони савту наво гардонида, дар раддабандии 50 сарояндаи беҳтарини тоҷик дар зинаҳои ифтихорӣ қарор дорад.

Ғолибҷон Юсупов оиладор ва соҳиби чор фарзанд: се писар ва як духтар мебошад.
Ҳунармандон дар рӯзи зодрӯзашон ва дигар ҷашнҳо аз мухлисонашон туҳфа гирифтанро дӯст медоранд, вале Ғолибҷон баръакс худаш дар рӯзи милодаш ба мухлисонаш сюрприз кард. Сюрпризи сарояндаи машҳур клипи ҷадидаш мебошад, ки дар ютуб-канали ҳунарманд пахш шудааст.

Ин кпилтарона “Лаби хомӯш” ном дошта дар бадали 20 соат зиёда аз 30 ҳазор нафар сурудро тамошо карда, ба он баҳои баланд додаанд. Матн ва оҳанги шеър аз худи сароянда буда, коркарди мусиқӣ ба Фирдавс Темуров тааллуқ дорад.

Ғолибҷон Юсупов зимни сӯҳбат бо сомонаи “Оила” гуфт, ки зодрӯзашро дар хона дар доираи пайвандон ҷашн гирифтааст. Аввалин шуда фарзандон ва ҳамсари меҳрубони ҳунарманд ӯро бо зодрӯзаш табрик намудаанд.

Сароянда зимни сӯҳбат қайд кард, ки мухлисонро боз чандин таронаҳои “Хит” интизор аст.

Ғолибҷон Юсупов чун анъана моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд ва моҳи октябр ё ноябр дар шаҳри Душанбе консерти нави худро бо сурудҳои ҷадид пешкаши мухлисон месозад.

Аз идора:
Мо барои Ғолибҷон Юсупов тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуда, дар ҷодаи санъат барояш парвозҳои баландро хоҳонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД