Дар шаҳри Чанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин мусобиқаи байналмилалии малакаҳои зеҳнӣ миёни донишҷӯёни коллеҷҳои касбӣ дар соли 2024 баргузор шуд.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз дастаи донишҷӯёни Коллеҷи касбии муҳандисии Чанчжоу бо иштироки Ғоибов Фариддун, Ван Фейян ва Юцзян Ван (устодон Чжу Баошэн ва Лин Ҷинг, ихтисоси хизматчиёни технологияи маълумоти калон аз Донишкадаи интеллектуалӣ) соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Ин мусобиқаи байналмилалӣ имсол бори аввал баргузор шуд, ки дар он 1279 иштирокчӣ дар ҳайати 413 даста аз 73 кишвари 6 қитъа сабқат карданд. Аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун Ғоибов Фариддун иштирок кард, ки феълан дар Коллеҷи касбии муҳандисии Чанчжоу таҳсил мекунад.