Ғолиби озмуни зебоии “MISS DUSHANBE – 2026” соҳиби тоҷи тиллоӣ мегардад
Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии мардум, ҳамчунин рушди соҳаи муд ва дарёфти чеҳраҳои нав бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон дар пойтахт озмуни шаҳрии «Miss Dushanbe – 2026» баргузор хоҳад гашт.
Ин чорабинии бошукӯҳ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта, ғолиби озмун соҳиби тоҷи тиллоӣ ва 150 000 сомонӣ мукофот мегардад.
Тибқи низомнома озмуни «Miss Dushanbe – 2026» аз се номинатсия иборат мебошад:
1️⃣ Miss Dushanbe
Унвони асосии озмун
Ғолиб дар асоси натиҷаҳои ҳамаи давраҳо интихоб мегардад:
• зебоӣ
• роҳравӣ
• истеъдод
• пурсишу посух
• муошират
• рафтори саҳнавӣ
• фаъолиятҳои иҷтимоӣ
Miss Dushanbe чеҳраи пойтахт дар самти фарҳанг, зебоӣ, ҷавонӣ, муд ва тарроҳӣ ба ҳисоб меравад.
2️⃣ Miss Intellect
Ин унвон ба иштирокчие дода мешавад, ки сатҳи баландро соҳиб аст!