toyota motors
Охири моҳи апрел мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон оғоз мегардад
28.04.2026
Oila.tj
58

Пеш аз оғози мавсими нав Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон бо намояндагони дастаҳо ва мураббиён ҷаласаи васеъ баргузор кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар чорабинӣ масъалаҳои ташкилӣ, тақвими мусобиқаҳо ва чораҳои беҳтар кардани сифати бозиҳо баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи хоса ба рушди футболи занона дар минтақаҳо зоҳир гардид.

Дар ҷаласа директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Суҳроб Ашӯров формулаи мусобиқаҳоро барои мавсими нав шарҳ ва ба саволҳои иштирокчиён дар бораи низомнома посух дод.

Дар нуҳумин чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон шаш даста барои медалҳо мубориза мебаранд – КМВА-ММВЗО (Душанбе), МДМВ «Вахш» (Бохтар), «Бeшкент» (Носири Хусрав), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Пахтакор» (Қубодиён) ва «Чашма» (Шаҳритус), ки дар чор марҳила бо ҳам бозӣ хоҳанд кард.

Дар чемпионати кишвар миёни духтарони то 17-сола 13 даста ба се гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар чор давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳҳо ва беҳтарин тимҳои ҷойи дуюм ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Дар гурӯҳи дигари синнусолӣ – чемпионати Тоҷикистон миёни духтарони то 15-сола 17 даста ба чор гурӯҳ ҷудо мегардад. Мусобиқа дар се марҳила сурат мегирад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бо дастгирии барномаи рушди ФИФА (FIFA League Development) мусобиқа байни духтарони то 13-сола ташкил карда шуд. Бисту панҷ даста дар панҷ гурӯҳ рақобат менамоянд. Бозиҳо дар ду давра роҳандозӣ шуда, ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ меёбанд. Дастаҳо бо либосу пойафзоли варзишӣ, тӯбҳо ва таҷҳизоти тамринӣ таъмин гардидаанд. Ин лоиҳа барои оммавияти футболи занона дар кишвар ва бунёди заминаи мустаҳкам барои захираҳои оянда равона шудааст.

Мавсими нави мусобиқаҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон 30-юми апрел оғоз мешавад. Ин як марҳилаи муҳим дар рушди футболи занона дар кишвар хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД