sebiston july new
Оишамоҳ Бегова: Сабру шикебоӣ ба мақсад мерасонад
546

 

Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» модари азиз, сокини деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун мебошанд. Меҳмони азизи мо ҳаштоду як сол дошта, таҷрибаи бойи зиндагӣ андӯхтаанд. Ба модари гиромӣ саволи мо чунин аст:

-Барои аз вайроншавӣ нигаҳ доштани оилаҳои ҷавон чӣ бояд кард?

-Насли мо урфу одат ва анъанаҳои аҷдодиро пос медоштанду дар оғози ҳар кор ба ҳамин расму оин такя карда, кор мекарданд. Шояд аз ҳамин хотир солҳои пеш вайроншавии оилаҳо кам ба мушоҳида мерасид. «Ҷомаи бо маслиҳат кӯтоҳ намеояд» мегуфтанд гузаштагони мо ва дар оғози ҳар кор аз калонсолони авлоди хеш маслиҳат мепурсиданд. Ман гуфтаниям, ки пеш аз он ки духтар ё писари худро хонадор карданӣ мешавед, бояд таҳу тӯшаи тарафи қудошавандаро омӯзед. Аз оилаи солиму хуштарбия гирифтани келин ё домод шарти аввали издивоҷ аст. Бисёриҳо бар он назаранд, ки муҳаббат барои издивоҷ он қадар зарур несту баъди хонадоршавӣ он маънии худро гум мекунад, аммо ин хел нест. Агар домод ё арӯс зебову хондагиву ҳунарманд бошанду ба якдигар маъқул не, хатари вайроншавии оила мавҷуд аст. Пеш аз тӯй ба ҷавонон фаҳмондан лозим аст, ки зиндагӣ пур аз камбудиву пастиву баландист, танҳо дасто ба даст ва бо кӯмаки якдигар ин монеаҳоро метавонед бартараф намоед. Ба хотири як камбудии кӯчак ҷангу ҷанҷол бардошта, зиндагии якдигарро заҳр накунед, дилатонро сиёҳ насозед, зеро гоҳе дигар пайванд намудани дили шикаста душвор мешавад. Дар оила дилмондагӣ, ки шуд, ҳурмату эҳтиром аз байн меравад.

Дар баъзе ҳолатҳо вайроншавии оилаҳои ҷавон бо дахолати калонсолон сурат мегирад, ки ин хеле бад аст. Калонсолонро лозим аст, ки роҳбалади оилаҳои ҷавон бошанд, на тамошобину эродгир. Замони ҷавонии худро ба ёд биёранд, чӣ камбудиҳо доштанд, ба онҳо хушдоманҳояшон чӣ гуна муносибат мекарданд? Яъне, танҳо бо гузашти синну сол одам сабуру ҳунарманду пандпазир мегардад. Худи ҷавонон ҳам бояд ҳар гапу корро баҳона карда, ҷангу ҷанҷол накунанд, бо сабру шикебоӣ ба мақсад хоҳанд расид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД