Sebiston new 2024 october
ОҚИМОДАР
5643

 

Ошиқи шилқин

Ҳанӯз аз синни 15-солагӣ Аҳмад ном ҳамсоябачаамон мудом аз паси ман давида мегашту дар танҳоӣ ба гӯшам афсонаи муҳаббат мехонд, вале мани назарбаланд худро аз ӯ дур мегирифтам. Қади пасту мӯйи  зарди ҷингилаи моҳҳо обу собунро надидаи Аҳмад ғашамро меовард. Ҳар гоҳ ӯро бубинам, дилам мешӯрид. Гап партояд, дар ҷавоб ягон дашноми қабеҳ дода рӯямро тофта мегузаштам, вале ба ин беномус гап таъсир намекард. Аҳмад ҳамоно мисли соя аз пасам мегашт ва дар ҳама ҷо вабо барин маро таъқиб мекард. Намедонистам аз ин мараз чӣ хел халос шавам. Чанд бор қилиқҳои Аҳмадро ба бародарам гуфтанӣ шудам, вале аз тарси он ки мабодо ӯро зада накушад, аз фикрам гаштам, зеро акаам бисёр бачаи баномус ва бадқаҳр буд

Кафангадо

Аҳли ин оиларо мардум “кафангадо”  мегуфтанд, зеро падару модари Аҳмад ба дараҷае камбағал буданд, ки ҳатто нони хӯрдан надоштанд. Ҳамсояҳои сарватмандамон “барои савоб” гӯён, ҳамеша либосҳои куҳнашудаи худ ва фарзандонашонро ба онҳо медоданд. Дар идҳои рамазон ва қурбон нисфи мардуми маҳалла фитри рӯза ва маблағи ҳамчун хайру саховат аз дил баровардаашонро бурда ба дасти модари Аҳмад медоданд. Табиист, ки касе намехост бо ин оила риштаи хешу таборӣ пайвандад. Аз ҳамин сабаб синну соли Аҳмад кайҳо аз зангирӣ гузашта бошад ҳам, ҳамоно сари танҳо саланг-саланг мегашт.

Шоми кулфатбор

Солҳо турнасон гузаштанду ман мактабро хатм намуда ба духтари қадраси нозанине табдил ёфтам. Талабгоронам аз мӯйи сарам зиёд буданд, аммо модарам ҳавобаландона “духтари ман зеби зани раис шудан дорад, ман ӯро ба ҳар хару хингил намедиҳам” гӯён, хостгоронро навмед гусел мекард. Намедонам мағрурии модарам қаҳри Худоро овард ё қаламкаши тақдир аз азал дар пешонаи шӯрам ин доғро навишта будааст, ки рӯзе аҳли оилаамон ба хонаи тағоям ба тӯй рафта, дар шаҳр монданду Аҳмади разил набудани модару бародарамро фаҳмида, нимаи шаб ба хонаи мо зада даромад ва аз танҳоию нотавониам истифода бурда, зӯран ба номуси мани бадбахт таҷовуз намуд. Азоби он шаб кашидаамро танҳо худам медонаму Худованд, аз як тараф аламу дарди номуси барбодрафтаам, аз ҷониби дигар тарс аз он ки Худо накарда, бародарам фаҳмад, пӯстамро зинда ба занда аз танам канда, сарамро аз танам ҷудо мекунад, маро сахт ба даҳшат андохта, то саҳар зор-зор гиря кардам...

Сирри ҷигарсӯз

Барои он ки модарам чизеро пай набарад, субҳ сару тан ва либосҳои хунолудамро шустам ва ба Аҳмади худозада сад бор дар дил лаънат хонда аз паси ба тартиб даровардани хона шудам. Пайвандонам қарибиҳои нисфирӯзӣ ба хона баргаштанд. Ранги паридаамро дида модарам чӣ ҳодиса рӯй доданашро пурсон шуд. Аз тарси он ки мабодо ба гапам бовар накарда худи маро гунаҳкор насозанд, дурӯғ гуфтам, ки шикамдард шудааму тамоми аъзои баданам дард мекунад.  Модарам меҳрубонона ба ман чанд дору дода, бароям ҷогаҳ андохт ва худ аз пайи кору бори хона шуд. Сарамро таги кӯрпа карда, ба ҳоли зори худ гириста-гириста хобам бурда мондааст...

Ошӯби қиёмат

Аз байн қариб ду моҳ гузашт. Кори мани номусбохта ҳамоно гиряву нола буд. Шабҳоро бо гиря саҳар карда ба худ марг металабидам, вале аҷал ҷони ба лаб омадаамро рабуда, маро аз бадномӣ халос намекард. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин вақтҳои охир худро беҳолу бемадор эҳсос мекардам. Сарам чарх зада, дилам беҳузур мешуд. Эҳсос намудам, ки ҳомиладор шудаам. Дуд аз димоғам баромад, сарҳисоби корамро гум карда, шоме дарди диламро ба апаам гуфтам. Ба ҷойи маро дилбардорӣ намудан апаам ҳамаашро ба модару бародарамро гуфт.  Баробари фош шудани ин сирри нангин дар хонаи мо гӯё қиёмат қоим шуда, фиғони ҳама ба фалак печид. Бародарам, ки пас аз марги падарам саробони оила ва такягоҳи ҳама мо ба ҳисоб мерафт, ҷӯраҳояшро гирифта ба сари Аҳмад рафт. Онҳо Аҳмади кафангадоро мурданивор зада, таҳдид кардаанд, ки ба хубӣ хостгор фиристода, маро никоҳ карда гирад, вагарна сарашро аз танаш ҷудо мекунанд.

Ҳосили гуноҳ

Аҳмад аз тарси ҷон худ ҳамон бегоҳ падару модарашро ба хонаи мо хостгорӣ равон кард. Дар байни ду ҳафта тӯйи хоксоронае ороста маро ба хонаи шавҳарам гусел намуданд. Давраи  аввали арӯсиро моҳи асал мегӯянд, вале барои ман он заҳру зуқум гашт. Ману Аҳмад сояи якдигарро аз девор метарошидем, бар замми ин, модараш аз таги нохун чирк кофта мегашт. Аз уҳдаи тамоми кору бори зиндагӣ бароям ҳам, ҳеҷ дили хушдомани кафангадо, вале ҳавобаланду худхоҳу мағрурамро ёфта наметавонистам. Ин зани беандеша ҳар рӯз ягон чизро баҳона карда: “Ин фоҳиша бо сағераи ҳаромиаш бачаи гулу содаи маро аз худ карда гирифт”  гӯён, ҳавлиро ба сараш мебардошт. Ҳамсояҳо аз сари шиғ ва девор моҷарои моро тамошо карда ба ҳоламон механдиданд. Ҷонам ба лабам расида гирякунон мегуфтам: “Хола, ин хел накунед, охир бо ин рафторатон шумо натанҳо ман, балки оилаи худатонро ҳам дар маҳалла рӯсиёҳу шарманда мекунед. Ман зӯран ба оғӯши писари шумо надаромадаам, агар вай маҷбуран ба номусам таҷовуз намекард, дар ду дунё ба писари аблаҳи шумо ба шавҳар намебаромадам...” Аҳмади авбошу таҷовузкор, ки гунаҳкори ин ҳама азобу ранҷҳои ман буд, ба ҷойи даҳони модарашро гирифтан маро зери мушту лагад гирифта чунон бераҳмона мезад, ки аз даҳону биниам хун мешорид.

Ашк дар чашму ғам дар дил

Рӯзе дар айни ҷангу ҷидоли навбатӣ модарам маро хабаргирӣ омад ва сару рӯйи сиёҳу кабуду хуншорамро дида таҳдид кард, ки худи ҳозир маро ба хона мебарад ва аз болои Аҳмад ба милиса аризаи шикоятӣ навишта, ҳабсаш мекунонад. “Баред, тезтар ин матои ҳалолатонро  гирифта баред, ки дигар афту башараи хунукашро набинам! Ман аз рангу рӯйи чунин келини сағераи ҳаромӣ мезоидагӣ безорам!” шаттоҳона дод зад хушдоманам.

Ҳамин тавр аз тӯям ду моҳ нагузашта мани сарсахти бадномзада ба хонаи модарам баргаштам. Аҳмад аз тарси бародарам чанд бор барои бурдани ман омад, вале ҳар дафъа модарам “Ман аз ту барин домоди кафангадою авбоши муштзӯр безорам” гӯён, ӯро аз хона пеш мекард. Андешаи бахти сӯхта ва тақдири тифли батнам маро дарун ба дарун сӯхта тамом мекард. Аз фикру хаёли бисёр ба бемории ҷоғар гирифтор шуда, шаб то саҳар хоб карда наметавонистам. Нафасам тангӣ мекард, мадори дасту пойҳоям хушк шуда ба назарам чунин мерасид, ки ҳамин лаҳза ё лаҳзаи дигар мемирам...

Найранги хушдоман

Боварӣ надоштам ки ягон рӯз хушдомани ҷаллод ва беандешаю морзабонам барои бурдани ман ба хонаамон меояд, вале як моҳ пас баногоҳ балои якбора аз таги замин баромадагӣ барин, дар назди дарвозаамон ин ҷалоҷинкампир пайдо шуд ва гӯё чизе нашуда бошад, маро ба оғӯш гирифта, таваллою зорӣ кард, ки ба хона баргардам. “Аслан хурдсолон бояд аз калонсолон бахшиш пурсанд, вале ман бо ҳамин мӯйи сафедам омадам, ки аз ту узр пурсам. Саришта кардани зиндагӣ барои мани кампир бисёр душвор аст, бар замми ин, Аҳмад ҳар рӯз “занам аз рӯйи ту баромада рафт” гуфта, бо ман ҷангу ҷанҷол мекунад, келинҷон, биё гузаштаро фаромӯш карда, зиндагиамонро давом медиҳем” гӯён модаршӯям оби чашмашро пок кард. 

Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД