arzon replenishment
ОИЛА. ТЧ ЖУРНАЛИСТОНИ МАҲАЛЛИРО БА ҲАМКОРӢ ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!
1445

Сомонаи “Оила. ТЧ” аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон барои кор дар доираи лоиҳаи “Журналистикаи шаҳрвандӣ” хабарнигорони маҳаллию минтақавӣ ва дигар шахсони соҳибқаламро, ки қобилият, маҳорат ва хоҳиши инъикос намудани мушкилоти ҳаёти ҷомеаро доранд ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

Озмуни мазкур ба шумо имконият медиҳад, ки аз минбари сомона мушкилоти ҳалталаберо, ки дар минтақаи зисти шумо вуҷуд доранд, ба миён гузоред ё сарнавишти одамон ва воқеаву ҳодисаҳои аҷиберо, ки дар пеши назаратон рӯй додаанд, ба дигарон қисса кунед.

Шахсоне, ки мехоҳанд дар ин озмун ширкат варзида, ҳунари худро бисанҷанд, ба ссилкаи зерин ворид шуда, маълумоти худро гузоранд:
ttps://forms.gle/JAi7d7Gq5woN8pNz9h

Баъд аз ҷамъбасти озмун бо довталабон таълими онлайнии инфиродӣ гузаронда мешавад. Таълими онлайнӣ ба довталабон малакаи зеринро меомӯзонад:
Асосҳои журналистика;
Маҳорати дарёфти мавзӯҳои ҷолиб;
Дастрас намудани иттилоот ва ғайра
Пас аз таълими онлайнӣ журналистони шаҳрвандӣ ба кори редаксия ҷалб мешаванд ва барои ҳар як маводи омода намудаашон ҳаққи қалам мегиранд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД