Иди Фитр ва Иди Қурбон дар баробари дигар санаҳои муҳими таърихии ҳаёти кишвар ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад.
Ин худ нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих, фарҳанги мардумӣ ва маросимҳои марбут ба дини мубини ислом мебошад.
Тибқи таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам дар иди Қурбон то се рӯз қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Аснои қурбонӣ кардан шахс метавонад гӯшти қурбониро ҳам худаш бихӯрад ва ҳам ба хешону ҳамсоягонаш миқдоре аз онро бидиҳад. Қурбонӣ як ибодати муҳим ва яке аз шиорҳои Ислом аст, ки решаи таърихии он ба замони Одам (а) бармегардад ва дар замони ҳар як пайғомбар муқаддас будааст
Бахшиши даҳ гуноҳ бар ивази мӯе аз қурбонӣ
Расули акрам (с) фармуданд: “Ҳар кӣ қурбонӣ кунад, шаҳодат медиҳам, ки аз хуни қурбонӣ қатраи аввал дар замин чакад, Аллоҳ таъоло гуноҳони гузаштаи ӯро мағфират кунад”. Ҳазрати Довуд алайҳиссалом гуфт: – «Илоҳо, ба қурбонӣ кардани умматони Муҳаммад (с) чӣ ато мекунӣ?” Аллоҳ таъоло хитоб кард, ё Довуд, ҳар ки аз умматони Муҳаммад (с) қурбонӣ кунад, ба ҳар мӯе, ки дар бадани он қурбонӣ бошад, ба ӯ даҳ некӣ ато карда, даҳ гуноҳи ӯро нест гардонам ва барои ӯ дар биҳишт қасрҳо ато кунам ва Ҳурулийнро насиби ӯ гардонам.
Қурбониро бояд, ки баъд аз намози ид бикушанд. Беҳтар он аст, ки қурбониро шахси қурбоникунанда худаш бикушад. Агар натавонад, ба дигаре амр кунад, аммо мустаҳаб он аст, ки дар болои куштан ҳозир бошад. Рӯи қурбониро бояд сӯи қибла гардонад.
Аз Зайд ибни Арқам (р) ривоят шудааст, ки асҳоби Расулуллоҳ (с) аз он Ҳазрат (с) пурсиданд: «Ё Расулаллоҳ (с), ин қурбониҳо чист?» Фармуданд: «Суннати падари шумо Иброҳим (а) аст». Гуфтанд: Пас чӣ суде барои мо дорад? Фармуданд: «Дар баробари ҳар тори пашм ва мӯи он як ҳасана барои шумо дода мешавад».
Инчунин аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Рӯзи ид фарзанди Одам ҳеҷ амале маҳбубтар аз рехтани хуни қурбонӣ дар назди Худованд анҷом надодааст. Ҳайвони қурбонӣ рӯзи қиёмат бо шоху пашм ва мӯю сумби худ дар паллаи ҳасаноти соҳиби худ қарор мегирад ва хуни қурбонӣ қабл аз ин ки бар замин бирезад, мақбули Худованд мегардад. Пас аз самими қалб ҳайвони хуберо қурбонӣ кунед».
Ногуфта намонад, ки қурбонии гӯсфанду буз танҳо барои як нафар, аммо гов ё шутуреро аз ду то ҳафт нафар бо ҳам шарик шуда, қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст. Ҳайвони қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Синни буз ва гӯсфанд на камтар аз як сол бошад, аммо барраи шашмоҳа ба шарте, ки бинанда аз яксола фарқаш накунад ва ҷуссаи қавӣ дошта бошад, ҷоиз аст.
Агар гов ё шутуреро аз ду то ҳафт нафар бо ҳам шарик шуда, қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст. Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад. Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.
Ҳомидов Абдулвоҳид,
Мутахассиси Раёсати фатво, омӯзгори калони ДИТ