arzon replenishment
Қоидаҳои вуруди муҳоҷирон ба Русия иваз шуданд
517

Шуруъ аз имрӯз - 7-уми ноябри соли 2024 Русия қоидаҳои вурудро ба қаламрави кишвараш барои тамоми шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ тағйир дод.

Дар Федератсияи Русия қонуни наве қабул карда шуд, ки тартиби вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷиро ба ин кишвар тағйир медиҳад. Қонуни мазкур аз имрӯз, 7-уми ноябр расман дар амал татбиқ гашта, мувофиқи он минбаъд Русия метавонад маълумотҳоеро, ки ҳангоми бақайдгирии генетикии давлатии шаҳрвандони хориҷӣ ба даст оварда мешаванд, барои муайян кардани шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бетабаа, ки ба қаламрави кишвар ворид мегардад, истифода барад.

Илова бар ин, ҳукумати Русия имконият пайдо кард, ки озмоишҳоро оид ба санҷиши қоидаҳои вуруд ва баромадан аз Русия, ки қонун пешбинӣ накардааст, оғоз намояд. Аз ҷумла стандарти ягонаи тарҷумаи тамоми маълумот аз лотинӣ ба кириллӣ дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти муҳоҷирон муқаррар карда шудааст.

Ҳангоми гузаронидани озмоишҳои тартиби нави вуруд ва хуруҷ тибқи қонун гирифтани розигии шаҳрванди хориҷӣ, ки ба қаламрави Федератсияи Русия ворид мешавад, ҳатмӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД