Чанд маслиҳат оиди дуруст ранг кардани мӯй дар хона ва омодагӣ ба ин амалиёт: қабл аз рангкунӣ беҳтараш чанд рӯз мӯятонро нашӯед, чунки қабати начандон зиёди чарб пӯсти сарро аз осебёбӣ ҳифз менамояд. Агар ба мӯятон ягон намуди малҳам, лак, мусс, мағзоба молида бошед, мӯятонро нағзакак шона кунед ё ранг кардани мӯятонро ба рӯзи дигар гузаронед. Агар баъди рангкунии бебарор бори дигар мӯятонро ранг карданӣ шавед, бояд аз кӯмаки мутахассис истифода баред. Агар куллан ранги мӯятонро тағйир додан хоҳед, ҳатман ба кошонаи ҳусн равед.
Қабл аз молидани ранг, ба пӯсти атрофи мӯйи сар малҳами дилхоҳи равғанин ё равған молед, он гоҳ пӯстатон ранг намегираду осеб ҳам намеёбад. Аз асбобҳои қисман ё пурра металлӣ истифода набаред, чунки таъсири мутақобили металл ва ранг ба мӯйҳо зарар мерасонад. Тамоми зарфҳо бояд ё керамикӣ бошанд ё пластмассӣ. Ин омили муҳим аст, ҳарчанд аксарият ба он аҳамият намедиҳанд.
Агар барои ба кошонаи ҳусн рафтан вақт надошта бошед, ақаллан қоидаҳои дуруст рангкуниро истифода баред, то ки аз оқибатҳои нохуш эмин бимонед.
Умед набандед, ки рангро пешакӣ омехта карда, нигоҳ доштан натиҷаи хуб медиҳад –баръакс ҷараёни кимиёвии ранг дарҳол баъди омехтасозӣ оғоз меёбад ва ранги мӯй андаке тира мегардад. Рангро бояд зуд ва дақиқ молид, он гоҳ мӯй рангро якхелаву ҷиллодор мегирад.
Рангро аз 15 дақиқа зиёд дар мӯй нигоҳ надоред.
Боз як ҷузъиёте, ки қабл аз ранг кардани мӯй бояд ба назар гирифт, ин тарзи дуруст молидани ранг аст. Яъне, маҳз кадом рангро интихоб намудан.
Агар танҳо ба хотири санҷидани ин ё он намуди ранг онро истифода бурданӣ шавед, аз шампуни рангкунанда (тонировочный) истифода баред, агар не, рангҳои дарозмуддатро интихоб кунед.
Ду рӯз қабл аз молидани ранг камеашро ба оринҷи худ молида, агар сӯзиш ё сурхшавии пӯстро пай баред, маҳсулоти ин ширкатро истифода набаред. Беҳтараш ранги дигареро интихоб кунед.
Агар тамоми маслиҳатҳои моро риоя намоед, пас барои молидани ранг омода ҳастед.
Аввалан бодиққат дастурамали рангро мутолиа намоед, дар он бандҳое ҳаст, ки донистанатон муҳим аст. Қабл аз кушодани қуттии ранг ҳатман дастпӯшаки муҳофизатӣ пӯшед.
Баъди он ки рангро ба мӯятон молидед, онро дар мӯй мувофиқи вақти дар дастурамал қайдшуда нигоҳ доред.
Баъди шустани мӯй ягон балзами ғизобахш молед (аслан балзам дар қуттии ранг ҳаст). Баъди 25 дақиқа мӯятонро шӯеду хушконида, аз натиҷааш ҳаловат баред.