Arzon march 2024
Қоидаҳои нави қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳои Русия
483

Шуруъ аз 1-уми апрели соли 2025 барои қабули кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ ба мактабҳои Русия аз онҳо имтиҳони тестӣ гирифта мешавад.

Тавре расонаҳои русӣ дар такя ба Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия (Рособрнадзор) навиштаанд, барои он ки дар Русия кӯдакро ба мактаб қабул кунанд, аз имтиҳони забони русӣ бояд ҳадди ақал баҳои 3 бигирад. Барои баҳои 3 гирифтан зимни санҷиш кӯдакони муҳоҷир бояд на камтар аз 30%-и балли ниҳоиро ба даст меоварданд, вале пешниҳоди мазкур дар Думаи давлатӣ зери танқид гирифта шуд ва Рособрнадзор лоиҳаро хориҷ карда, нашри онро “иштибоҳи техникӣ” номида, баъд лоиҳаи навро интишор намуда, 30% балли ҳадди ақалро ба 3 (аз 5 балл) иваз кард. Ин тарзи пешниҳод аз ҷониби вакилони парлумон пазируфта шуд.

Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта Думаи давлатӣ қонуни манъи қабули кӯдакони муҳоҷиронро, ки аз санҷиши забони русӣ нагузаштаанд, қабул карда буд, вале тағйироти ба қонун “Дар бораи маориф” воридшуда аз 1-уми апрели соли 2025 мавриди амал қарор мегирад.

15-уми марти соли ҷорӣ Вазорати маориф ва илми Русия хабар дод, ки имтиҳон барои онҳое, ки барои қабул ба синфҳои 2-11 ҳуҷҷат месупоранд, дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ гузаронида мешавад. Барои қабул ба синфи 1-ум гузаштан аз санҷиши шифоҳӣ кифоя аст. Дар сурати муваффақона аз санҷиш гузаштан, кӯдакро ба мактаб

қабул мекунанд. Дар сурати аз уҳдаи иҷрои вазифаҳо набаромадани кӯдак машғулияти иловагии забони русӣ тавсия дода мешавад. Кӯдаконе, ки аз имтиҳон намегузаранд, ба онҳо барои такроран супурдани имтиҳон пас аз се моҳ иҷоза дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД