Arzon march 2024
Қоидаи хушбахтӣ дар зиндагӣ
990

Ҳар ҷавону арусе, ки по ба дари хона бо мақсади зиндагии якҷоя мегузоранд, орзуи хушбахтии ҷовиданаро мекунанд. Як умр орзу доранд, ки ба пои ҳам пир шаванд ва канори ҳамдигар бошанд.
Ҳар занд вафои марду, ҳар мард меҳру навозиши занашро мехоҳад. Барои бароварда шудани ин орзу аз таҷрибаи калонсолон ибрат гирифтаву омухтан лозим аст.

Ишқи ҷавониро дар дил доштану эҳсосоти худро нисбати ҳамсар тамоми умр байён намудан ба ҳар кас муяссар намегардад. Вале аз ҷониби дигар на ҳама вақт кас метавонад дуст дораду дилаш саршори муҳаббат бошад, ин барои ҳама ҳам гуфтану ҳам шуниданаш хастакунанда аст.

Зан ғулом нест

Дар оилае ки дар пояи хушбахтӣ сохта шудааст фармонравоӣ ҳукм намегирад. Яъне агар барои иҷрое коре хоҳиш кунад ва дигарӣ ин корро анҷом диҳад ин аз рӯи эҳтиром аст вале, бо зуру фармон ин кор анҷом шавад, ин шикасти хушбахтӣ аст. Барои мисол яке аз ин ҷуфт зиёдтар даромад дошта бошаду дигарӣ кам ва ё барои зебову фароҳам шудани хона яке зиёдтар меҳнат кунаду дигарӣ камтар, ин маънои онро надорад, ки тарафи заифро паст задаву шаъну эътиборашро дар хонаву назди фарзандон паст зад ва ба иззатри нафсаш бирасид. Баробарӣ дар хона қоидаи асосии оилаи хушбахт аст.

Боварӣ ба ҳамтигар ҳатмӣ аст.

Рашк ҳамавақт дар ҳама ҷо вуҷуд дорад. Чихеле медонем рашк дар натиҷаи дӯст доштан пайдо мешавад. Вале  бояд меъёр дошта бошад. Он набояд аз ҳад зиёд ва ё ба муноқишаву гирудор ва овозбаландкуниҳо расад. Дар ин маврид каме аз ақли солим истифода намуда қаҳру ғазабро фурӯ нишондан лозим. Ин оромиро дар оила нигоҳ медорад, инчунин эҳтироми байни ҳамдигар аз байн намеравад.

Ҳам зан ва ҳам мард бояд як ҳисси амиқеро дар даруни худ ҷой намояд, ки ҳамсарам ба ман хиёнат намекунад. Гумони бад алангаи оташро миёни ҳам бармеангезад. Вақтро барои рашку ҳиссииёти нолозим сарф кардан намеарзад.

Ташакур намудан бари ҳар кори хайр

Ҳамсар бояд аз шавҳари худ ва ё шавҳар аз зани худ барои ҳар кори хубе ки дар оила карда мешавад миннатдор бошад. Ин маънои онро надорад, ки зан барои хӯроки нисфирузиро пухтанаш шавҳараш дар пеши пояш таъзим кунад аммо бо як гапи хуш метавон гуфт, ки хӯрок бомазза шудааст. Як  ташакур гуфтан  зари касеро кам намекунад.

Хушбахтона зиндагӣ кардан на он қадар душвор аст. Зиндагии хушбахтона он нест, ки тамоми умр ҳамдигарро ташаккур гуфту бо лаби хандон якдигарро тамошо намуд. Дар зиндагӣ ҷангу ҷидолу нофаҳмиҳои зиёд ба миён меояд, аммо ҳамааш ҳалшаванда аст. Онро метавон бо гуфтугую бахшидани ҳамдигар ҳал намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД