Рӯзҳои истироҳат дар шаш минтақаи кишвар сел борид. Аз ҷумла, дирӯз, 28-уми апрел, соати 16:30 бо вақти маҳаллӣ, бар асари боришоти зиёд аз теппаҳои гирду атроф ба ҳудуди деҳоти Шараф, Садоқат ва Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ сел омада, роҳҳоро об зер кардааст. Хушбахтона, борони сел ба хона ва чорвои мардум зарар нарасонидааст.
Дар ҳамин рӯз соати 15:40 аз теппаҳои гирду атроф ба деҳаи Даҳанаи ҷамоати дехоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон низ сел омада, роҳҳоро об зер кард. Давоми рӯз соати 20:45 сел дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи мазкур ба 18 қитъаи замин зарар расонидааст.
Ба зикри ин масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, айни зомон дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия кор мекунад ва зарари расида муайян карда шуда, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кор давом дорад.
Ҳамзамон, рӯзи якшанбе соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ бориши шадид боиси боло рафтани сатҳи оби канали Хоҷқалъаи деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти ба номи Қ. Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гашта, 13 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон ва роҳҳои ин деҳа зери об мондаанд.
Рӯзи 28-уми апрел дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб, дар наздикии шаҳраки Нобиноиён (Лағмон-2)-и шаҳри Кӯлоб низ дар натиҷаи боришоти шадид сатҳи об боло рафта, дар соҳили чап ва рост хатари шуста шуданро ба вуҷуд овард. Барои бартараф намудани вазъият маҷрои дарё бо ёрии техникаи вазнини инженерй ба масофаи 150 метр иваз карда шуд. Дар маҳаллаи «Хати роҳ» сатҳи оби Девонасой баланд шуда, дар натиҷа сой пур аз лой ва сангреза шуд. Бо ҷалби техникаи махсуси Раёсати мелиоративии шаҳри Кӯлоб корҳои тоза кардани сой идома дорад.
Ҳамин тавр, рӯзи 28-уми апрел болоравии сатҳи оби дарёи Ёхсу ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа садди муҳофизатии дарёро дар қитъаи Кӯчабоғи ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабови ноҳияи Восеъ вайрон кардааст. Бо ёрии техникаи Раёсати мелиоративии ноҳия ба масофаи 120 метр хандак кофта, дар майдони муайяншуда 14 кубикаи оҳану бетонӣ гузошта шуд.
Болоравии сатҳи оби дарёи Сурхоб низ ба қайд гирифта шуда, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳманрӯд ва деҳаи Шибанаи ҷамоати деҳоти Чилчаи ноҳияи Темурмалик сарбандҳои муҳофизатӣ қисман шуста шудаанд.
Бар асари омадани сел дар манотиқи дар боло зикршуда талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.