Sebiston new 2024 october
Оҳи мазлум Қисми 3
1831

Мавлуда дар ҳалқаи шаҳписару гулдухтараш 45-солагии худро ҷашн мегирифт. Ин зан ба синни камолот расида бошад ҳам, то ҳол аксар вақт мисли кӯдакони панҷсола рафтор намуда, барои ҳар майда-чӯйда бо фарзандонаш қаҳрӣ мешуд ва ҳафтаҳо ба саломи онҳо алайк намегирифт.

Ғубори дилаш, ки баромад,худаш бо ними лабаш ба гап даромада, бо онҳо оштӣ мекард. Ӯ баъзан дар танҳоӣ худ ба худ фикр мекард, ки ин дард ба ӯ аз куҷо часпидаасту давояш чист ва суханони янгааш дар гӯшаш садо медоданд.

Вай доимо Мавлударо таъна зада, мегуфт, ки модараш зани ҷанҷолӣ буд ва мудом бо янгаю бибияш ҷанг шуда, ҳафтаҳо не, балки моҳҳо қаҳрӣ мекард. Мавлуда гуфтаҳои янгаашро ба ёд оварда, хулоса мекард, ки ин дарди вай дарди ирсию меросӣ аст, вале акнун бояд илоҷе карда, аз одамон наранҷидан, ҳамдигарро бахшидан ва қаҳрӣ накардану ширинзабониро омӯзад, аммо тавре ки дар урфият мегӯянд, хислати бо хун омада фақат бо ҷон мебарояд...

- Омода шудед, модарҷон?

- Ин қадар саросемаӣ! Ба хонаи ҳамон Меҳрангезат меравем-дия!

- Модарҷон, охир ман чизе нагуфтам-ку, танҳо омода будан ё набуданатонро пурсидам...

- Ҳмм. Ту маҳмадоно аз ҳозир ба модарат гап мегардонӣ, як чиз гӯям, зуд ба даҳонам мезанӣ, намедонам баъди зангират бо ман чи хел бо ман чи хел муносибат мекарда бошӣ, бача! Ҳамроҳи занат маслиҳат карда, маро ба хонаи пиронсолон набаред шуд!

Манижа ба Рустам ишора кард, ки гапро кашол надиҳад, зеро модараш аз онҳое нест, ки дар "ҷанги лафзӣ" мағлуб шавад. Ҳамин тавр ҳар се ба мошини Рустам нишаста, сӯйи хонаи духтаре, ки дили Рустамро рабуда буд, шитофтанд.

Волидони арӯс дар маҳаллаи зеботарини шаҳр зиндагӣ карда, хонаи қасрмонанде доштанд. Онҳо ба қавли маъруф яке аз оилаҳои бойи маҳалла буданд. Шукӯҳу ҳашамати манзили қудоро дида, ранги Мавлудахон канда бошад, ҳам худро ба даст гирифта, чунон тавре вонамуд мекард, ки парвои молу чизи дунёӣ надорад, вале ҳар лаҳза чизпараст буданаш аз кору рафтораш аён мегашт.

Волидони Меҳрангез ба хостгорҳо “фикр карда мебинем” гуфта посух доданду Мавлудахон аз сарватмандии падару модари келини ояндааш дилгарм шуда, ду маротибаи дигар бо хоҳиши писараш ба хосторӣ рафт. Ниҳоят бори саввум Меҳрангезро ба Рустамро фотиҳа карданд.

Умр ба қавли Мавлудахон "об барин тез гузашта мерафт". Дар ин байн Меҳрангез ҳомиладор шуд, вале Мавлудахон ҳеҷ аз пургӯияш намемонд, ки намемонд.
Келинчак ба дуруштзабонии хушдоманаш одат карда, нозу нузи ӯро мебардошт ва аз хати кашидааш намебаромад. Акнун ба Манижа ҳам хостгорҳо меомаданд.

Мавлуда худ ба худ фикр мекард, ки ҳоло кӯдаки дар батн будаи келинаш як моҳа нашудааст, агар то ба шавҳар додани духтараш Манижа Меҳрангез таваллуд кунад ё моҳу рӯзаш наздик шавад, дигар бо шиками дамида кор карда наметавонад ва ташвиши тӯй ба гардани худаш бор мешавад. Ҳама корро пешакӣ анҷом додан лозим, то ки баъд ба худаш душвор наафтад гӯён, намегузошт, ки келин як лаҳза дам гирад, мудом кор мефармуду кор мефармуд.

ОҲИ МАЗЛУМ ҚИСМИ 2

Ин зани беандеша келини ҳомиладорашро маҷбур мекард, ки ҷиҳози хона, ҳатто мебелҳоро аз ин тараф ба он тараф кашола карда, қолину гилему кӯрпачаҳоро бароварда шӯяд, ҳарчанд хуб медонист, ки бардоштани бори вазнин ба зани ҳомила зарар дорад ва ҳатто боиси бачапартоӣ гашта метавонад.

Рӯзе Меҳрангез аз кори зиёд хаста шуда дар кунҷи девори хона нишаст, рангу рӯяш парид ва дарди ҷонкоҳеро ҳис карда дод зад. Мавлуда ба ташвиш афтида, ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зад ва табибон келинчакро ба беморхона бурданд.

Баъди ташхис муайян шуд, ки кӯдак аллакай дар батни Меҳрангез ҳалок шудааст. Келинчак ба ҳамаи ин тоб овард ҳарчанд барояш мушкил буд "Худо бо собирон аст" гӯён, лаб газида, муносибаташро бо хушдоманаш дигар накард. Ҳар лаҳза "Худованд, агар салоҳ медонист, кӯдак зиндаву солим ба дунё меояд- мегуфт ин модари ҷавони рӯйи фарзандашро нодида, вале...

Давом дорад..

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД