Arzon march 2024
Оҳи мазлум Қисми 2
1784


- Эээ, зуд бош, пиёзро гир, ки қариб сӯхт. Чаро ин қадар маро ба гап мегирӣ. Бе ин ҳам асабҳоям хароб аст. Акаи латтаат ба ҷону ҳолам намонда истодааст ки ба хостгорӣ равам...

Модарҷон, чаро ин қадар акаамро латтаю ноӯҳдабаро мегӯед?
-Ҳамин хел ҷанг карда наистам, аз худ меравад. Баъд ба роҳҳои бад рафта, бо одамони хавфнок ошно мешавад. Аз пайи кор нашуда ба тегинхӯрӣ одат мекунад.
-Боз ман фикр кардам, ки шояд шумо акаамро аз ятимхона гирифта калон кардаед, охир баъди даҳ сол соҳиби фарзанд шудаед-ку!
- Ҳой мормила, ин қадар маҳмадоногӣ накун, ки мӯйи саратро якто-якто меканам. Ту а куҷо медонӣ, ки ман барои акаатро ба дунё овардан чӣ қадар душвориҳоро пушти сар карда, таънаву маломати касу нокасро таҳаммул кардам. Баъди ҳомила шуданам ҳам, то ба дунё омадани акаат даҳ бор мурда зинда шудам, ки ҳамин кӯдакро зинда мегирифта бошам ё не....
-Узр модарҷон, дигар ба шумо чунин саволҳои бемаънӣ ва дилзиқкунанда намедиҳам, лекин боз як чизаки дигарро пурсидан мехоҳам...
-Ҳой духтар, ту кай кунҷкобиатро бас мекуни-?
-Очаҷон, агар напурсам, торс мекафам! Фақат ваъда диҳед, ки барои ин саволам маро ҷанг намекунед...
-Хуб, пурс, туро сарзаниш намекунам.
-Чаро ин қадар шумо дағалгуфтор ҳастед? 10 соли дароз азоби бефарзандӣ кашидаед. Худованд баъди ҳамин қадар гиряву зорӣ ба шумо фарзанд додааст, лекин ману акаам аз шумо қариб, ки ягон ҳарфи ширин намешунавему навозишу меҳрубонӣ намебинем. Ба ҷойи он ки духтараки ширинам, нозанинам, маҳҷабинам гӯед, маро мормила меномед, акаамро бошад, мудом латтаю ноӯҳдабаро гуфта паст мезанед. Мо, ки падар надорем, мӯҳтоҷи навозишу меҳрубонием, вале шумо...
-Фикр намекардам, ки як рӯз ҳамин тавр мегӯӣ, вале ба ҳар ҳол, барои гуфтан ҷуръат кардӣ! Худатмедонӣ, ки ман бе падару модар дар дасти янгаи золими хунхорам ба камол расидаам. Аз вай ба ҷойи меҳру муҳаббат, фақат суханони заҳрнок мешунидам. Даҳонаш доим пур аз дашном буд, ҳатто амакам ба муқобилаш ҳарфе зада наметавонист. Ҳар рӯз маро то даҳ маротиба дашном дода, кор нафармояд, дилаш ҳеҷ ором намегирифт ё хобаш намебурд. Ҳамеша маро мезад, ҳатто заминеро, ки аз бобоят ба ман мерос монда буд, аз они худ кард. "Ту ятимчаи нокас кӣ ҳастӣ, ки замин мегирӣ?! Бе ин ҳам ба ту ҷой дода, нону чой додем, шукр гӯй фаҳмидӣ! Ҳозир туро аз хона ронам дар ба дар шуда, дар гармову сармо дар кӯча мемонӣ ва ба як бурда нон зор шуда мемурӣ" - мегуфту мани сода фиреби ин гапҳои хушку холиро хӯрда, худоро зорӣ мекардам, ки янгаам маро аз дарберун накунад....
-Намешуд, ки ба ягон мактаб-интернат равед?
-Дар замони мо кӯдаконро тарсонда мегуфтанд, ки агар ба гапи калонсолон гӯш накунед, ба ятимхона бурда мепартоем. "Ҷойи бачаҳои ганда ятимхона аст" мегуфтанд, барои ҳамин бо шунидани номи ятимхона ба тани мо, кӯдакон мурғак медамид. Баъди ба воя расидан фаҳмидам, ки аз хонаи янгаам ҳазор маротиба беҳтар будааст. Кӯдакон дар он ҷо бо ҳам меҳрубон будаанд. Омӯзгорон чун модар навозиш мекардаанд. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, кит чи тавр янгаам маро тарсонда таҳдид мекард, ки “ҳой сағера, ҳушатро ба сарат гир, набошад, ба ятимхона мебарам, он ҷо бачаҳои ганда рӯзатро сиёҳ мекунанд...” Хуллас, бо янгаи заҳрзабонам, ки шину хез доштам, ба бадгуфторӣ одат кардам. Худам ҳам намехоҳам гапҳои дағалу дурушт зада, касеро ранҷонам, вале дашному ҳақорат ғайри ихтиёр аз даҳонам мебарояд...
- Камоли ҳамнишин бар ман асар кард, гӯед!
-Бале, бо дег шишта сиёҳ шудам. Он сиёҳӣ то ҳол намеравад. Ана оши палав ҳам омода шуд. Сӯҳбаткунон чӣ тавр пухтани ошро ҳам нафаҳмида мондем. Акаат ояд, хӯрокро мекашем...
Ҳамин вақт Рустам табассум бар лаб ва дар дасташ як даста гул “ассалому алайкум очаҷон" гӯён аз дар даромад.
-Ҳа, ошиқат хурсанд кард чӣ?
-Очаҷон, охир Меҳрангез ин ҷо чи дахл дорад?
-Рассо дахл дорад-дия! Ин гулу шириниро ҳам барои вай гирифтагистӣ? Ду бор нозу карашма кунад тамом-а! Мани сарсахт бо падарат даҳ сол зиндагӣ карда, аз он марди бемеҳр ҳатто як гули лолахасакро, ки дар дашту пушта мерӯяд, ҳадя нагирифтам. Э духтар бошад, ҳанӯз занат нашуда, лаҷоми туро ба даст гиирфтааст. Ман гуфтам-а, ин писари ман латта, латта....

Фируза Саттори, [26.04.2023 15:57]
-Модарҷон камтар ором шавед. Ин ширинию гулро Меҳрангез ба Шумо, ба муносибати зодрӯзатон тавассути мани "латта" дода фиристод.
-Бо ин кораш худашро ба ман ширин карданӣ, лекин тираш ба ҳадаф намеравад. Вай, агар духтари нағз мебуд...
-Шуд-шуд модарҷон, давомашро нагӯед. Аз ин гапҳоро бисёр шунидана аз ёд кардаам, ки баъди кадом гап шумо чӣ мегӯед. Як бор ба ҷавонҳо назар кунед модарҷон, онҳо бахташонро худашон меҷӯянд. Намефаҳмам, охир ду нафар ба ҳам дил баста, оилаи хушбахт бунёд намоянд, ин чӣ бадӣ дорад?!
-Писарам, агар ту фақат шаб то саҳар бо занат бошӣ, пас рӯз то бегоҳ келин бо ман мемонад, барои ҳамин арӯсро бояд ман худам интихоб кунам.
-Модарҷон, чаро шумо фақат худатонро фикр мекунед?! Як бор андеша намоед, охир ман чи тавр бокасе, ки дӯсташ намедорам, як умр дар як болин сар мемонам,-даст афшонд Рустам.
-Модарҷон, розӣ шавед, ба хостгорӣ равед. Ман Меҳрангезро мешиносам. Гуфтам-ку духтараки боодобу меҳрубон аст, ғайр аз ин, акаам аз вай ба шумо шикоят карда наметавонад. Ягон камбудӣ ё хатояшро гуфта наметавонад. Мабодо баъди тӯй лаб ба шикоят кушояд, дарҳол ба даҳонаш зада "зани худат ёфтагӣ" – гуфта метавонед,-ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд хоҳараш.
-Майлаш, хостгорӣ меравам, лекин фақат як маротиба, агар розӣ шуданд хуб, не гӯянд, тӯй пӯй намешавад.
-Хуб мо розӣ,-баробар садо баланд карданд Рустаму Манижа.
-Фақат имрӯз не, пагоҳ хостгорӣ меравам. Аққалан дар рӯзи зодрӯзам монед, кияк дами бе ғам занам,-табассум карда, фарзандонашро ба оғӯш гирифт Мавлулапошшо.
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД