Commerce bank may-june 2026
Огоҳӣ: хавфи сар задани селу ифлосшавии ҳаво дар баъзе минтақаҳо боқӣ мемонад!
02.07.2026
Oila.tj
80

Рӯзҳои 2-3-юми июли соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришот дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон хавфи сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ дошта боқӣ мемонад.

Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, меафзояд, ки ҳамзамон, рӯзҳои 2-4-уми июл дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборше, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД