Arzon march 2024
Офтобзадагӣ ва дигар бемориҳои тобистона
730

Фасли тобистон, ки офтоби тамуз ба авҷ расида, ҳаворо тоқатфарсо месозад, аз пай як қатор мушкилиҳоро вобаста ба тандурустии инсон меорад. Бактерияҳои хавфнок дар натиҷаи гармӣ рӯ мезананд. Фаъолияти рагҳои хунгард ва дил низ аз таъсири гармӣ номуътадил мегарданд. Дар ин радиф, бемориҳои камхунӣ, сактаи дил, дарди гулу, бемориҳои пӯст, гурда, меъдаву рӯда ва офтобзадагӣ низ хурӯҷ менамоянд.

Авҷи бемориҳои сироятиро дар ин фасл метавон мушоҳида кард, ки баъзан оқибатҳои фоҷиаборро дар пай дорад. Сабаби асосиро табибон аз гармии шадиди офтоб, тағйирёбии иқлим ва риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ медонанд. Бино ба гуфтаи табибони сироятшинос, бемориҳои сироятӣ мавсимӣ буда, дар ҳар фасли сол намудҳои муайяни он рӯ мезананд.

Яке аз сабабҳои сар задани бемориҳои сироятӣ дар ин мавсим тағйирёбии иқлим бошад, омилҳои дигар - дуруст нашустани меваву сабзавот, истеъмоли хӯрокҳои шабмонда ва аз муҳлат гузашта мебошанд, ки метавонанд ба дарунравӣ ва заҳролудшавӣ оранд. Мутаассифона, мушоҳида мегардад, ки баъзе бонувон хӯрокро як маротиба омода карда, онро баъди як шабонарӯз ва ҳатто бештар аз он барои истеъмол пешкаш месозанд, ки ин дуруст нест. Хӯроке, ки аз сабзавотҳо таҳия шудааст, набояд аз 4 - 5 соат зиёд нигоҳ дошта шавад. Омили дигари гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ - истифодаи хӯрокҳои ба қавле сарироҳӣ мебошад, ки дар баъзеи чунин нуқтаҳои фурӯши таоми умум меъёрҳои санитариву эпидемиологӣ хуб риоя намегарданд. Нӯшидани оби ноҷӯшида, махсусан аз ҷӯйбору каналҳо низ омили дигари бемориҳост, - мегӯянд табибон.

Тибқи хулосаи табибон, бештари микробҳое, ки бавуҷудоварандаи бемориҳои сироятианд, дар мевагиҳое мебошанд, ки дар таркиби худ глюкоза ва фруктозаи фаровон доранд. Бархе аз микробҳои барангезандаи ин бемориҳо дар натиҷаи гармии зиёд, ки ҳарорат ҳоло аз 28 то 40 дараҷа мерасад, зуҳур мекунанд.

Бемориҳои вирусӣ, ки ба ихтиллоҷи рӯда меоранд, бо сабаби нӯшидани об аз ҷӯю ҳавзҳо ва оббозӣ дар он ба амал меояд, ки ҳамчунин метавонад ба қубод (гепатити А) дучор созад. Ҳангоми гирифтор шудан ба ин беморӣ таби баланд, дилбеҳузурӣ ва дарунравӣ мушоҳида мегардад. Исҳоли хунини шадид (дарунравӣ) низ дар ин айём зиёд ба вуқӯъ мепайвандад.

Ба ин беморӣ бештар кӯдакони то синни 2 –3 мубтало мегарданд. Дар натиҷаи дарунравӣ, таби баланд ва қайкунӣ об зиёд талаф шуда, дар баъзе мавридҳо ба марг оварда мерасонад. Калонсолон низ ба чунин беморӣ гирифтор мешаванд, аммо дар онҳо на рӯдаи борик, балки рӯдаи ғафс иллат меёбад, ки зиёд рафтани оби бадан дар онҳо кам мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, кӯдакон бештар зарар мебинанд.

Нишонаҳои ин беморӣ бетоқатӣ, бемадорӣ, фазлаи тунук (шикамравӣ), дарди болои шикам, қайкунӣ, таби баланд ва ҳатто фазлаи бо хун омехта мебошанд.

Ҳангоми мушоҳидаи аввалин нишонаҳои беморӣ ба марказҳои тиббӣ ва ё беморхонаҳо фавран муроҷиат намудан зарур аст. Акси ҳол муҳлати табобат тӯл кашида, метавонад боиси фавтидани бемор гардад. Бархе илоҷи воқеаро дар истеъмоли чанд дона ҳаб ва ё маҳлулҳо мебинанд, ки ин нодуруст аст. Бо зуҳур кардани аввалин нишонаҳои бемории сироятии рӯда то ҳозир шудани духтур мебояд ба бемор ёрии аввалини тиббӣ расонид, хусусан ба кӯдак. Додани нӯшобаи пасткунандаи таб ва регидрон ҳатмист.

 

Давраи ниҳоии беморӣ аз 2 соат то 2 шабонарӯзро фаро мегирад. Маризони сирояти рӯда ба бистаришавӣ дар беморхона эҳтиёҷ доранд, зеро дар шароити хона ин беморӣ метавонад ба дигар аҳли хонавода гузарад. Табобати худсарона метавонад боиси вазнин гаштани ҳолати бемор гардад. Пас аз гирифтани табобат бемор бояд се маротиба аз ташхис гузарад. Бо мусбат баромадани натиҷаи ташхис бемор аз беморхона ҷавоб дода мешавад.

 

Офтобзадагӣ

Яке аз бемориҳои маъмули ин айём офтобзадагӣ аст. Мутахассисон ин бемориро ба ду гурӯҳ ҷудо намудаанд. Якум, аз гармии офтоб ва дувум аз дигар гармиҳо, ки гармозадагӣ ва офтобзадагӣ мегӯянд.

Навъи якуми беморӣ офтобзадагӣ мебошад, ки аз таъсири зиёди нурҳои ултрабунафш ба вуқӯъ мепайвандад. Намуди дигарро гармозадагӣ мегӯянд, ки дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво ба амал меояд. Яъне, дар ин маврид таъсири бевоситаи нурҳои ултрабунафш дида намешавад. Танҳо ҳарорати бадани одам баланд мегардад.

Ҳар ду навъи беморӣ аломатҳои яксон дошта, ҳатто ба бемории сироятии рӯда низ шабоҳат дорад. Нишонаҳояш: дарди сар, таби баланд, қайкунӣ ва фазлаи тунук аст, ки ба гурӯҳи бемориҳои сироятии рӯда шомил намешаванд. Танҳо ташхис муайян месозад, ки ин кадом навъи беморист. Сабаби сар задани ин бемориҳо - зиёд зери шуои офтоб қарор доштан мебошад.

 

Пешгирӣ

Табибон тавсия медиҳанд, ки барои пешгирии офтобзадагӣ аз соати 10.00 то 17.00 берун нарафтан ва дар мавридҳои зарурӣ муҳофизат кардани сар бо лапаркулоҳ ва ё чатр муҳим мебошад. Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ зуд - зуд шус­тани дастон, махсусан баъди аз ҳоҷатхона баромадан ва пеш аз ғизохӯрӣ бо собун тавсия дода мешавад.

Меваю сабзавотро дар ҷойи салқин нигоҳ дошта, пеш аз истеъмол бо оби гарм шуста, ду – се маротиба бо оби хунук чайқондан зарур аст. Маҳсулоти гӯштиву ширӣ бояд дар яхдон нигоҳ дошта шаванд. Хӯрокро пас аз омода шудан истеъмол карда, ба муҳлати тӯлонӣ набояд нигоҳ дошт. Кремҳои барои шириниҳо омода кардашуда набояд аз ду соат зиёд нигоҳ дошта шаванд.

Ҳамчунин, кӯдакон мутобиқи ҷадвали махсус аз эмгузаронӣ баҳравар гарданд, ки дар давраҳои муайяни синнусолӣ дар марказҳои саломатии минтақавӣ сурат мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД