formula feb 2025
Оё Солеҳҷон меросашро гирифта метавонад?
895

Ман ба шумо, хонандагони азиз, дар бораи он рози дил карданиам, ки чӣ тавр бемеҳрии фарзандони падар бародари маъюби маро ба пирхона бурд...

Мо дар оила шаш нафар бузург шудем. Чор писару ду духтар. Модармон ҳанӯз дар сесолагии бародари хурдиамон Солеҳҷон аз бемории саратон фавтид. Баъд аз марги падарамон се маротиба хонадор шуд, вале занҳои ӯ ба зиндагии мушкили мо (падарам ҳамакора буд ва касби муайяне надошт) тоб наоварда, зуд ҷудо шуда мерафтанд. Шояд, бемеҳрии мо нисбати ҳамдигар аз бемодарӣ ва бетаваҷҷуҳии падарамон пайдо шуда бошад.

Дере нагузашта, падарамон низ дар шастсолагӣ вафот кард ва акнун саробонии хона ба дасти бародари калониамон Самеъҷон гузашт. Ӯ, ки оиладор буд, як-як бародарони дигарро аз хонаи падарӣ берун карду мо-хоҳаронро ба шавҳар дод. Дар хона танҳо бародари хурдиамон Солеҳҷон, ки як пояш маъюби модарзод буд, боқӣ монд. Самеъҷон мехост ӯро ҳам аз хона ронад, вале ба куҷо?! Бо маслиҳати кадоме, ӯро, ки аллакай 23-сола аст, ба хонаи бепарасторон супорид. Мо - ду хоҳар ва ду акаамон маслиҳат кардем, ки Самеъҷонро ба суд дода, ҳаққи Солеҳҷонро рӯёнида диҳем.

Оё чунин қонун вуҷуд дорад, ва мо метавонем мероси ӯро рӯёнида диҳем?

Шоиста БОМИРОВА, н. Спитамен

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД