Имрӯз маросими қуръакашии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё анҷом ёфт. Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе шомили гурӯҳи "D" бо бошгоҳҳои "Ал Наср", "Ал Завра" ва "Гоа" гардид.
Оғози бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ 16-уми сентябр дар назар аст. Албатта, ин фурсатро ҳаводорони футболи тоҷик мунтазиранд.
Умедворем, ки ин дафъа ситораи ҷаҳонии футбол Криштиану Роналду ба Тоҷикистони зебову хушманзара ташриф меорад.