Arzon march 2024
ОЁ МАРДҲО ҲАМ ҲУҚУҚИ БА "ДЕКРЕТ" БАРОМАДАН ДОРАНД?
2612

Ба саволи оне, ки “Чаро дар дигар кишварҳо мардон низ ба декрет мебароянду дар Тоҷикистон не?” Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотиаш посух дод.

Даврон Валиев, сардори Раёсати таъиноти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаҳои ин ниҳод гуфт, ки ҳарчанд тибқи қонунгузории кишвар мардҳо ҳақ доранд дар замони ҳомиладории занҳояшон ба рухсатии меҳнатӣ раванд, аммо то ба ҳол чунин маврид дар кишвар сабт нашудааст, яъне ягон мард то ба ҳол ба “декрет” набаромадааст. Ба гуфти ӯ рухсатӣ ба модар аз ҷониби табибон барои барқарор кардани саломатиаш пешбинӣ мешавад.

"Дар дигар кишварҳо мардон аз ин ҳаққи худ истифода мекунанд, аммо дар кишвари мо не. Сабаб дар ин аст, ки дар он кишварҳо баъзе занҳо аз мардон зиёдтар маош мегиранд ва барои сатҳи иқтисодии оиларо поён наовардан мардро лозим аст, ки дар хона шинаду зан кор кунад. Агар музди меҳнати занҳои мо ҳам зиёд бошад, бовар кунед, мардон низ хонашин мешаванд”, - гуфт Даврон Валиев.

Тибқи моддаи 107 – и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ", мардон ҳамчунин ҳақи рухсатии меҳнатӣ ҳангоми ҳомиладории ҳамсарро доранд. Дар банди 5 – и ин модда омадааст: "Ба мардон мувофиқи хоҳишашон ҳангоми рухсатӣ барои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуди ҳамсарашон рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ пешниҳод карда мешавад”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД