Монанди миллионҳо зани тоҷик Нигора ва духтараш шабро саҳар карда, субҳи барвақт ба омадани меҳмонон омода мешуданд. Дар оилаи ӯ мисли дигар оилаҳо шавҳар ва чор писараш дар корҳои хона умуман кумак намерасонанд. Яъне, кумак дар пухтупаз, тоза кардан ё шустани табақҳо барои мардон дар Тоҷикистон як чизи ғайриоддӣ мебошад.
Имрӯз хонаи ӯ пур аз хешовандон ва меҳмонон аст. Пас аз чанд рӯз, духтари 18-солаи ӯ издивоҷ хоҳад кард, аз ин рӯ мавзӯи суҳбат атрофи шавҳари оянда ва оилаи ӯ мебошад.
Издивоҷ ба мо ҳамчун манбаи хушбахтии занон ва ҳамчун дастоварде, ки заонону духтарон бояд ба он саъй кунанд, пешниҳод карда мешавад. Бисёриҳо ба ин эътиқод дошта, кӯшиш мекунанд, ки арӯс ва баъдан зани беҳтарин шаванд. Роҳ барои зани хуб шудан дар Тоҷикистон аллакай аз кӯдакӣ сар мешавад. Нигора мисли дигар волидони кишвари мо ба духтараш сифатҳоеро, ки писанди домодҳои оянданд, омӯзондааст - итоаткорӣ, хоксорӣ, гапдароӣ ва пухтупаз.
Дар урфият мегӯянд, ки «духтарон бояд оромона сухан гӯянд, ба шавҳар ва падару модари ӯ гӯш андозанд ва зиддият накунанд, дар як рӯз се маротиба хӯрок пазанд, меҳмононро бо дастархони пур аз нозу неъмат пазироӣ кунанд, хонаро тоза нигоҳ доранд ва ғайраҳо. Ва агар духтар дар оилаи шавҳар зиндагӣ кунад, ӯҳдадориҳои ӯ маротибаҳо меафзояд. Ҳангоми таваллуди кӯдакон нигоҳубин онҳо низ ба дӯши зан вогузор мегардд. Ӯ ба нигоҳубин, таълим, тарбия ва табобати кӯдакон масъул мешавад.
Баъзеҳо боварӣ доранд, ки маълумот занонро вайрон мекунад ё аз роҳ мебарорад ва зани хуб шудани онҳоро душвор мегардонад. Аксар вақт чунин мешавад, ки волидон ба духтаронашон иҷозат намедиҳанд то издивоҷ ба донишгоҳ дохил шаванд ва пас аз издивоҷ волидони шавҳар низ инро дастгирӣ мекунанд. «Донишгоҳ ба ӯ чӣ медиҳад, агар ӯ фарзанд таваллуд кунаду хонашин шавад?», - мепурсад Мурод, сокини маҳаллаи 103-юми пойтахт, ки ба 3 духтараш пас аз синфи 8 ба мактаб рафтанро манъ кардааст.
«Вақте модари шавҳари ояндаам ба хонаи мо барои хостгорӣ омад, ӯ дарҳол изҳор дошт, ки ба ман маълумот лозим нест. Гузашта аз ин, шавҳари оянда низ намехоҳад, ки ман ба донишгоҳ дохил шавам ё кор кунам», - мегӯяд Самираи 17-сола, ки аз оилаи нисбатан сарватманди ноҳияи Синои Душанбе мебошад.
Ба гуфтаи номбурда, ӯ ба мушкилот дучор шуд, зеро вай нисбати ҷавон эҳсос дорад, аммо мехоҳад таҳсил кунаду табиб шавад. Айнан ҳамин гунна шартҳои оилаи домодро Нигора ва шавҳарӣ ӯ пазируфтанд.
Талошҳо, вақт ва худқурбонӣ барои арӯс ва зани хуб шудан саволи муҳиме ба миён меоранд: духтарону занони ҷавон аз издивоҷ чӣ манфиат мебинанд, ба ҷуз аз он чи ки дар зарбулмасали муқаррарӣ гуфта мешавад: «курбока шу дора, курбока обру дорад».
Таҳқиқот дар Иёлоти Муттаҳида нишон дод, ки занон дар он ҷо издивоҷро ҳамчун чизи азиятдиҳанда меҳисобанд. Издивоҷ ба мардон нисбат ба занон бештар фоидаовар аст, кору зиндагӣ ва саломатиашон беҳтар мешавад. Мардони оиладор аз мардони муҷаррад беҳтаранд, ки инро нисбат ба занон гуфтан намешавад.
Дар Тоҷикистон чунин таҳқиқот ҳанӯз гузаронида нашудааст, вале бо назардошти он ки занони ин ҷо нисбат ба занон дар ИМА ӯҳдадориҳои бештар ва озодии камтар доранд, тасаввур кардан душвор нест, ки онҳо издивоҷро чӣ тавр қабул мекунанд.
«Агар шумо мард ҳастед, издивоҷ кардан муфид аст. Агар шумо зан бошед, беҳтараш издивоҷ накунед», - мегӯяд профессори илмҳои рафторӣ дар Мактаби иқтисодии Лондон (LSE) Пол Долан.
Барои мардон дар издивоҷ осонтар аст, зеро онҳоро мехӯронанд, мепушонанд ва дар ҳаёти ҳаррӯза кумак мекунанд. Маҳз зан ба ин вазифаҳо побанд аст. Занон тақрибан 20 соли ҳаёти худро барои харидани хӯрока, пухтупаз, тоза кардан, шустани зарфҳову пӯшокаҳо ва ғайраҳо сарф мекунанд. Агар хонаи вай комил бошад, шумораи солҳо метавонад ба 30 расад. Ин гунна дар Россия аст. Зани тоҷик, ки нисбат ба оилаи миёнаи Россия фарзанд бештар дорад, ба ин ҳама чӣ қадар сарф мекунад танҳо тасаввур кардан мумкин аст.
Аввалин фоҷиа барои занон ин бори ноҳақи ӯҳдадориҳои зиёд аст. Фоҷиаи дуввуми занон ин аст, ки аксар вазифаҳоро иҷро мекунанд, агар на ҳама вазифаҳои муқаррарӣ бошанд, дар ҳоле ки мардон ба рушд ва ноил шудан ба ҳадафҳои худ бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Одатан, барои занон вақт ва қувва ба рушд ва худмаблағгузорӣ намемонанд.
Издивоҷи анъанавӣ аҳди одилона нест. Мард кор мекунад ва нигоҳ медорад, аммо ҳамзамон вай ҳамчун шахсият шинохта мешавад. Илова бар некӯаҳволии молиявӣ сифатҳо ва малакаҳои касбӣ такмил дода мешаванд, алоқаҳои корӣ рушд меёбанд, эътироф ва ҳисси қаноатмандӣ аз кор пайдо мешавад. Ҳатто агар мард бекор монад ҳам, ба шарофати касби соҳибшуда, робитаҳо ва ҷомеапазириаш ба муваффақияти дубора ноил мешавад.
Занҳое, ки ба шавҳарон эътимод доранду ба таҳсилот, ихтисос, худтатбиқкунӣ ва худрушддиҳӣ не ҳамеша аз ҷиҳати моддӣ ба шавҳарони худ бидуни қобилияти тағйир додани чизе вобаста хоҳанд буд ва агар шавҳар қарор кунад, ки ӯро тарк намояд, ба зан ҳеҷ чиз намемонад.
«Ман ҳама чизеро, ки шавҳарам аз ман мехост, иҷро менамудам ва талаботи ӯро барои ҳаёти оилавӣ риоя мекардам. Аммо натиҷа чӣ шуд? Шавҳарам зани дигари ҷавонтару зеботарро вохӯрда, нияти ӯро зани дуюм кардан намуд», - мегӯяд бо шикоят ва изҳори таассуф табиби 45-сола Нигора аз он ки шавҳараш гуш карду, аз карерааш даст кашид.
Ақидае, ки вазифаи зан фарзанд таваллуд кардан, нигоҳубини хона ва шавҳар аст, онҳоро аз қобилияти рушд додани истеъдодҳои худ маҳрум мекунад. Мардоне, ки ба занони худ иҷозати кор кардан ва тараққӣ доданро намедиҳанд, дар онҳо танҳо манфиати худро мебинанд. Ин муносибати истифодабарӣ аст. Фидокорӣ ва итоат метавонад ба издивоҷи дарозмуддат оварда расонад, аммо издивоҷи дароз маънои онро надорад, ки зану шавҳар баробаранд ва ҳарду хушбахтанд.
«Издивоҷ худ ба худ шахсро хушбахт намекунад», - мегӯяд профессори рӯҳшиноси Гарвард Даниэл Гилберт. - Издивоҷи хушбахт одамро хушбахт мекунад». Ҳама бояд ба худ суол кунанд, ки шумо барои хушбахтӣ чӣ кор мекунед? Мардон бояд аз худ бипурсанд, ки оё онҳо ҳамқадами зиндагии худро дӯст медоранд ё ба онҳо танҳо муносибанд ва дар тафаккур умедворанд, ки каси дигареро во мехӯранд?
Илова ба вобастагии молиявӣ, ки занонро дар шароити тоқатнопазир, таҳқир ва маҳдудиятҳо нигоҳ медорад, онҳо одатан ба хотири расмият, аз тарси гуфтаҳои дигарон ё ба хотири фарзандон барои расмият дар издивоҷ мемонанд. Ин занон дар бораи он, ки оё ба кӯдакон муфид аст, дидани он, ки чӣ тавр падар ҳамеша ба модараш овоз баланд мекунад, ӯро сарфи назар мекунад ё ӯро тамоман ҳамчун шахсият эҳтиром намекунад ва дӯст намедорад?
Умуман барои ҷомеа муфид мебуд, ки талоқро доғдор накунанд, зеро ин танҳо ба поени муносибати бад нишон медиҳад. Ва занони моро судманд мебуд, фаромӯш насозанд, ки қонун дар бораи издивоҷ аслан бар ҳуқуқ асос ёфтааст, ки дар он гуфта мешуд, ки зан моликияти шавҳар аст. Ин ақида то ҳанӯз дар ҷомеаи мо ба зарари занони шавҳардор мавҷуд аст. Ва бояд дар хотир дошт, ки соддатарин коре, ки зан метавонад, ин издивоҷ кардан ва фарзанддор шудан аст. Ва худтатбиқкунӣ саъю кӯшиши зиёдро талаб менамояд, вале он ҳам сифати ҳаёт ва ҳам эҳтимолияти қаноатмандиро аз ҳаёт зиёд мекунад. Дар бораи худ, ҳолати ботинии худ ва дарк кардани ҳадафҳо, хоҳишҳои воқеии худ фикр кардан муфид аст ва ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки зан аз кассе қарздор нест ва бояд пеш аз ҳама дар бораи худаш фик кунад.