arzon replenishment
ОЁ ИН БЕМОРӢ БА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ТАҲДИД НАМЕКУНАД?
2460

Тавре ки Sputnik хабар медиҳад, дар кишвари Русия аввалин ҳолати гирифторшавӣ ба навъи нави коронавирус ба қайд гирифта шуд. “Ватан”-и коронавируси нав Британияи Кабир ба ҳисоб меравад, аз ҳамин сабаб ин вирус “Британсикий штамм” ном гирифтааст...

Анна Попова, сарвари Роспотребнадзор дар сӯҳбат ба хабарнигорони шабакаи телевизионии “Россия-1” хабари ба ҳудуди Русия гузаштани навъи нави коронавирусро расман тасдиқ намуда, дар бораи ба қайд гирифтани аввалин ҳолати гирифторшавӣ ба “Британсий штамм” маълумот додааст. Ба гуфти Анна Попова навъи нави коронавирусро ба Русия яке аз сокинони ин кишвар, ки охирҳои моҳи декабр аз Британия и Кабир баргашта буд, овардааст. Дар давоми моҳҳои ноябр-декабри соли 2020 беш аз 30 нафар шаҳрвандони Русия, ки ба бемории коронавирус гирифтор буданд, аз Британияи Кабир ба Ватан баргаштанд, вале аз байни онҳо танҳо дар як нафар “Британсикий штамм” пайдо кардаанд. Беморӣ бе ягон нишона ҷараён гирифта, мард ҳатто ба коронавируси нав гирифтор буданашро пай набурдааст.

Ба гуфти сарвари Роспотребнадзор ваксинаҳое, ки дар Русия кашф карда шудаанд, қодиранд, ки мардумро аз навъи нави коронавирус низ ҳимоят намоянд, аммо ин беморӣ аллакай дар Ҷопон, Бразилия ва чанд кишвари дигар доман паҳн карда истодааст ва касе аниқ гуфта наметавонад, ки суръати гирифторшавӣ ба намуди нави коронавирус паст мешавад ё баръакс дар ояндаи наздик беморӣ шиддат мегирад. Аз ҳамин хотир мо аз тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия ҳастанд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки чораҳои пешгирӣ аз ин бемориро риоя намуда, дастонашонро дар як рӯз чанд маротиба бо собун бишӯянд ва аз антисептику ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.

Бардарону хоҳарони муҳоҷир! Фаромӯш накунед, ки дар мулки ғурбат ягона ғамхор, ҳабиб ва табиб шумо худи шумо ҳастед, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки худро аз конавируси нав муҳофизат намоед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД