Arzon march 2024
Ҷодугарии зан мардро ҷинвара кард Қисми 2
1709

Эшони Абуҳамид баъди ба ҷо овардани намози пешин ба назди онҳо баргашта гуфт:

-Ба падаратон ҷини хеле мағруру калонсол ошиқи шайдо шудааст. Факат ӯро дастгирӣ карда, сухани бад нагӯед. Дар ин чил рӯзи дуо хондан ба наздаш ғайри модаратон касе надарояд. Ҷини ба падаратон ҳамроз гашта дар мағзи сараш ҷой гирифтааст. Акнун фақат сабр мекунем.

Эшони Абуҳамид ҳангоми дуохонӣ бо ҷини маъшуқ, ки Сурхак ном дошт, суҳбат карда гуфт, ки «аз мағзи сари Фарид баро, ба хонаи худат баргард». Аммо Сурхак дар чавоб гуфт:

-То вақте, ки ин инсони хокӣ зинда аст, ба ман таалуқ дорад. Ӯро ба касе намедиҳам!

-Охир, ту дини исломро қабул кардӣ, пас чаро ин қадар бераҳмӣ, ӯро азоб медиҳӣ?

-Ман то вақти мурданаш бо ин мард мемонам. Дуо хондани ту бефоида аст.

Эшони Абуҳамид баъди дуохонӣ як қулт об нӯшиду боз дуохониро идома дод. Ҷини ба Фарид ҳамдамгардида гуфт:

-Ман ба мағзи сари ин мард ҳангоми нӯшидани пешоби гурги мода, ки зани саввумаш дар назди як фолбин гармӣ карда буд, ҳамон вақт ёр шудам.

-Тавба, Худоё, аз чунин бандаи нотарс ҳар нафарро нигоҳ дор,-домулло гиребон гирифта, дар танҳоӣ аз зани якуми Фарид пурсон шуд, ки “шавҳарат чанд зан дорад?”

-Бадбахтона, шавҳарам соҳиби ду зани дигар аст. Ҳардуяш ҳам никоҳи мусулмонӣ доранд. Аммо ҳамин қадар Фарид хислати хуб дорад, ки аз ман чизеро пинҳон намекунад. Дар бораи ҳар ду занаш маълумот дорам. Яке хонашин асту соҳиби як фарзанд, дигарӣ духтари ҷавонест, ки дар кошонаи ҳусн машшота шуда, кор мекунад.

-Ин духтари чавон аз Фарид фарзанд дорад?

-Ҳоло ба гуфти худаш ҳомиладор аст. Чаро ин гапро якбора пурсон шудед?

-Сабаби аслии ҷинвара шудани ҳамсари шумо маҳз зани саввумаш мебошад.

-Чӣ тавр?

-Ӯро бо пешоби гурги мода ҷоду кардааст.

-Кӣ ба шумо ин сафсатаро гуфт?

-Ҷин гуфт. Ҷинҳо дурӯғ намегӯянд.

-Тавба, ин хел ҳам мешудааст, домулло. Бори аввал фаҳмидам, ки ҷинҳо ҳам гап мезадаанд.

-Бале, онҳо ҳам замоне дар рӯи замин озодона гаштугузор мекарданд. Барои ҳамин ҳоло як роҳи дигар аст. Шумо ба назди ман зани саввуми Фаридро фарёд кунед.

Дере нагузашта, зани саввуми Фарид расида омад. Ин духтараки резаустухони 20-21- сола бешармона ба домулло нақл кард, ки «ман барои аз худ кардани шавҳарам ба назди фолбини чортутӣ рафта, ӯро сахт банд кардам, ки аз баҳри ду зани аввалааш барояд. Бори аввал ба ҷав дуо хонда дод. Ин ҷавро оварда, ба хар додам. Муддати хеле мадид мисли хар гашта, бо ман нарму гарм буд. Аммо боз рафтораш дигар шуду маҷбур шудам, ки ин навбат ӯро дар пешоби гурги мода ва 12 дона сӯзан ҷоду кунам. Ин сӯзанҳоро дар ҳавлӣ гур кардаам.

-Духтарам, ман мефаҳмам, ки ту Фаридро сахт дӯст медорӣ. Аммо бо ин корҳои ғайриинсониат мардро сахт бемор кардаӣ. Ба ӯ ҷини зан ошиқ шуда, дигар аз мағзи сараш берун намебарояд. Акнун наҷот додани Фарид аз ин ҷин даргумон аст.

-Ман чӣ кор кунам?-пушаймону гирён пурсид зани саввуми Фарид.

-Айн замон ягон кор накун, фақат дуо кун барои шавҳарат, ки зудтар ҷин аз танаш равад, вагарна ту ҳам қатори ду зани аввали ӯ бе шавҳар мемонӣ.

Домуллои зирак ҳангоми дуохонӣ аз ҷин хоҳиш кард, ки муддати кутоҳе аз тани мард бурун ояд, аммо ҷин дод зада уллос мекашид, ки «ин мард сайди ман аст, ба хубӣ аз баҳри дуохонӣ баро, вагарна зарарамро ба ту ҳам мерасонам».

Рӯзи дигар эшони Абуҳамид барои дуо хондан наомад. Хешовандони Фарид ба ӯ телефон карданд. Телефони домулло хомӯш буд. Ноилоҷ ба хонааш рафтанд. Домулло дар ҷогаҳаш дароз кашида, бемадору беҳол хоб буд. Гуфт, ки аз нимашаб боз фишори хунаш баланд шуда, саломатиаш бад аст. Рӯзи дигар ҳам домулло наомад.

Фарид аз таги чодар доду вой бардошта, берун омад ва гуфт, ки «ин чӣ гап, маро аз ин ҷо раҳо созед, ман озодӣ мехоҳам». Мард ба ҷои кор раҳсипор гашт, аммо дар ними роҳ якбора мошини хориҷиаш ба садама дучор шуду то ба беморхона расидан ба ҳалокат расид. Эшони Абуҳамид баъди сиҳат шудан ба хонаи Фарид фотиҳахонӣ омада гуфт:

-Мутаасифона, фолбинбозии баъзе аз занҳои сабукфикр оқибат мардҳоро мекушад.

Шаҳлои Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД