Arzon march 2024
Ҷодугар арӯсро ғорат кард
3280

 

Гули ягона

Манижа духтари яккаву ягонаи амаки Хайриддин ва холаи Садаф буд. Азбаски духтари нозанин ва панҷ панҷааш ҳунар буд, ҳанӯз мактабро хатм накарда, хостгорон дари хонаашонро охурча карда буданд, аммо волидони Манижаи фариштахисол аз байни садҳо талабгор ҳеҷ домоди табъи дилашонро намеёфтанд. Хостгорони духтарашро ҳамеша навмед гусел кардани амаки Хайриддин боиси шубҳаву гумон ва гапу калочаи зиёде мегашт. Ҳамсояҳо байни худ миш-миш карда мегуфтанд, ки Хайриддину Садаф барои духтари нозпарвардашон худашон барин домоди бойро мекобанд. Дар асл волидони Манижа чандон одамони бадавлат набуданд, вале хонаи барҳавои сеошёнаи амаки Хайриддинро дида, мардум ӯро “бойбобо” гумон мекарданд.

Зар бар сари пӯлод ниҳӣ...

Хостгори навбатии Манижа, ки Дилбархон ном зани сарватманде буд, дарҳол ба модараш писанд омад. Саропои ин зани таннози дар зару зевар ғуттазадаро синчакорона аз назар гузаронида, холаи Садаф аз дил мегузаронд, ки мабодо тақдир мадад кунаду духтараш ба хонаи чунин хушдоман келин шуда равад, хору зор ва муҳтоҷ намешавад. Одатан занҳои сарватманд бисёр зихнаю ҳарис мешаванд, вале Дилбархон мисли дигар бойхотунҳо хасиси мурда натофт. Куртавории қиматбаҳои ҳамчун рӯбинон овардааш гувоҳи он буд, ки Дилбархон зани дасткушод ва дарёдил аст. Ин зани чаққону дилёб ба ҷону ҳоли модари Манижа намонда бо зориву тавалло ӯро розӣ кунонд, ки барои ҳамдигарро дидани духтару писар розигӣ диҳад ва вақти хайру хӯш Манижаро ба оғӯш гирифта, таъкид кард:

-Холаҷон, хоҳед-нахоҳед духтаратон насиби писари ман мешавад!

Холаи Садаф дар ҷавоб табассум намуд.

Домоди орзуҳо

Бегоҳии рӯзи дигар Дилбархон бо чанд дастурхони пурбор ҳамроҳи шавҳару писараш ба хонаи амаки Хайриддин омад. Қудошавандаҳо сари дастурхони пурнозу неъмат нишастанд. Домод ҷавони зебову олуфта ва хушодоб менамуд. Волидони Манижа дарҳол ӯро маъқул карданд ва бо хандаву шӯхӣ сӯи хонае, ки онҷо Манижа интизор буд, раҳнамун сохтанд. Тоҷиддин аввал каме сурх шуд, вале баъди рав-рав гӯён ӯро шердил кардани модараш, боодобона даст пеши бар гирифта барои дидани арӯсшавандааш ба хона даромад.

Муҳаббат аз нигоҳи аввал

Чанд дақиқа пас Манижаю Тоҷиддин пасопеш аз хона берун баромаданд. Дилбархони зирак гарданбанди қиматбаҳоеро, ки писараш бо ният барои арӯси ояндааш аз Туркия оварда буд, дар гардани Манижа дида, дарҳол пай бурд, ки духтарак ба Тоҷиддин маъқул шудааст ва ҷаста аз ҷояш бархосту келиншавандаашро бӯсида, ангуштарии тиллои нигини бриллиант доштаро ба ангушташ гузаронд. Модари Манижа аз дидани ин манзара курта-курта гӯшт гирифта ба шавҳараш ишорати фотиҳа доданро кард. Қудоҳо сафедӣ даронда, шоду мамнун хайрухуш карда рафтанд.

Дар миёни ду соҳил

Баъди чанд рӯз Дилбархону шавҳараш ҷиҳози тӯёнаи Манижаро оварда партофтанду таъкид карданд, ки баъди тӯй навхонадорон ба Русия меравад. Тоҷиддин дар он ҷо хона ва ҷойи кор доштааст. Волидони Манижа, ки аз бахти баланди духтарашон хурсанд буданд, бо шунидани ин хабар гаранг шуда монданд. Пиру кампир чӣ кор карданашонро намедонистанд, чунки Манижа фарзанди ягонаашон буд ва онҳо дурии ӯро ҳатто як лаҳзаю як рӯз низ тасаввур карда наметавонистанд. Амаки Хайриддин аввал хост фотиҳаро гардонад, вале баъдан бо маслиҳати хешу табор аз ин фикраш гашт.

-Занак, акнун ба тақдир тан дода, тайёриамонро диданамон лозим! Духтарамон ҷавонро маъқул кард, ҳозир ману ту роҳ дур аст гуфта фотиҳаро гардонем, шояд баъд Манижаҷон аз мо домангир шавад, -андешамандона гуфт амаки Хайриддин ба ҳамсараш ва фармуд, ки аз пайи дӯхтани либосҳои арӯсии духтараш шавад.

Як коса об

Волидони Манижа барои харидани лавозимоти тӯёна ба бозор рафтанду арӯсак дар хона танҳо монд. Нав хонаю ҳавлиро ба тартиб дароварда буд, ки касе дарро кӯфт. Манижа аз паси дарвоза кӣ буданашро пурсид. Зане хоҳиш кард, ки ба вай як коса об диҳад. Арӯсак хушбоварона дарро кушод. Дар рӯ ба рӯяш зани сабзинаи ҷӯгимонанде истода буд. Ҷӯгизан саропои Манижаро синчакорона аз назар гузаронд, сипас хоҳиш кард, ки як коса об диҳад, то ҳалқашро тар кунад. Манижа тозон рафта об овард. Зан ҳарисона косаи обро холӣ карда ба соҳибхона дароз намуду гуфт:

-Ман фолбини ҷодукушоям. Духтарам, туро сахт ҷоду кардаанд. Аслан ту духтари бисёр дасткушоду меҳрубон ҳастӣ, вале як дугонаат ба бахти баландат ҳасад бурда, туро ҷоду кардааст...

Ҷӯгизан вой-войкунон чунон гапҳое мезад, ки аз шуниданашон мӯйи бадани Манижа виҷиррос зада мерафт. Арӯсак ба ҳарзаҳои “ҷодукушо” дода шуда, чӣ хел ба доми макр афтиданашро нафаҳмида монд.

-Мехоҳӣ, фаҳмӣ, ки душмани бахтат кист?-Пурсид ҷӯгӣ.

-Мехоҳам,-пичирос зад Манижа, ки дар гӯшҳояш “туро ҷоду кардаанд” гуфтани ин зани “ғайбдон ” ҳанӯз танинандоз буд.

Ҷодукушои ғоратгар

Ҷӯгизан ба Манижа ваъда дод, ки ба хотири ҳамин як коса оби додааш ҷодуро мекушояд ва ӯро хушбахти ҷаҳон мегардонад. Арӯсак аз барор гирифтани кораш хурсанд шуда, ҷавонзани ношиносро ба ошёнаи дуюм баровард ва дар меҳмонхонаи барҳаво рӯйи чор қабат кӯрпача шинонда дар наздаш дастурхони пурнозу неъмат орост. Ҷӯгизан осемасар шикамашро сер карда, аз пайи “баровардани ҷоду ” шуд. Манижа худро орову торо дода, қатори дигар ҷавоҳирот гарданбанди гаронбаҳои Тоҷиддин туҳфакардаю ангуштарини бриллиантии хушдоманаш Дилбархон тақдирнамударо низ ба гардану дасташ андохта буд ва ҷӯгизан ду чашми ҳарисашро аз ин ороишоти қиматбаҳо намеканд. Зани маккора хонаро холӣ дида, арӯсакро дар болои курсӣ шинонд ва ба амалиёт сар кард.

-Ҳозир ман туро гипноз карда ҷодуро мебарорам. Чашмонатро пӯш, то ман нагӯям, чашмонатро намекушоӣ,-фаҳмонд ҷӯгизани маккора.

Манижа итоаткорона чашмонашро пӯшиду “ҷодубарор” ба ламс кардани гардану гӯшу дастонаш сар кард. Баровардани “ҷоду” тақрибан 10 дақиқа давом кард ва ниҳоят зани “ғайбдон” хурсандона садо баровард:

-Ман ҳама сеҳру ҷодуро баровардам. Дар дилат то ҳазор ҳисоб кун, баъд чашмонатро кушода душманатро мебинӣ!

Ҳақиқати талх

Манижа бо чашмони пӯшида, пушташро тарафи дар гардонда нишаста буд ва намедонист, ки дар атрофаш чи ҳодисаҳо рӯй дода истодаанд. Вақте ки арӯсаки сода ҳисобро ба охир расонда чашмонашро кушод, аллакай аз “ҷодубарор” ному нишоне набуд. Давида берун баромаду аз занҳои ҳамсоя ба кадом тараф рафтани зани навакак аз хонаи онҳо баромадаро пурсид, вале ҳама китф дарҳам кашида гуфтанд, ки касеро надидаанд. Ҷӯгизанро гӯё замин ба комаш фурӯ бурда бошад, дар ягон ҷо ному нишонаш набуд.

Гавҳари қиматбаҳо

Бегоҳ Манижа бо чашми гирён ҳодисаро ба волидонаш нақл кард. Холаи Садаф хост ба идораи милиса рафта аз рӯйи ҷӯгизани дузд арз кунад, вале шавҳараш ӯро аз роҳаш боздошта, гуфт:

-Аввал бо қудоҳо маслиҳат кардан даркор.

Дилбархону шавҳару писарашро ба хона даъват намуда буду шуди гапро гуфтанд. Хушдомани ояндааш Манижаро барои зудбовариаш каме коҳиш намуд, вале Тоҷиддин табассум карда гуфт:

-Амакҷон, хуб кардед, ки ба милиса муроҷиат накардед. Ин ҳодиса овозаю дарвоза шавад, дар назди дӯсту душман ангуштнамо мешудем. Манижаҷон худаш гавҳари ноёб аст. Ғам нахӯред, лозим бошад, барояш боз даҳто чунин гарданбанду ангуштарини бриллиантдор мехарам!    

Ҷавон ба гапаш истода рӯзи тӯй ба арӯсаш чунон гарданбанди зебое тақдим намуд, ки бо диданаш ҳуш аз сари дугонаҳои Манижа парид. Беҳуда нагуфтаанд, ки ду дил агар як ҷо шавад, олам гулистон мешавад!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД