Ишқи муаллимбача
Мансур донишгоҳро хатм намуда ба мактаби зодгоҳашон ба ҳайси муаллими забон ва адабиёт ба кор омад. Аз рӯзи нахустини қадам ба остонаи мактаб ниҳодан дили ҷавон ба як ҳамкораш моил шуда монд. Дар бораи ҷавондухтари зебо аз ҳамкоронаш пурсид. Ҳама омӯзгорон бо як овоз муаллимаи ҷавонро таъриф карда, гуфтанд, ки касе ин духтаракро келин кунад, аз зиндагӣ меосояд, зеро ҳам ҳунарманд аст, ҳам боақлу тамиз ва меҳрубону хоксор. Мансур васфи духтарро аз забони устодонаш шунида бештар волаю шайдо гашт ва пайти муносиб ёфта рӯзе ба Гулбарг изҳори муҳаббат намуд, вале дар ҷавоб духтар шӯрида гуфт:
-Муаллим, шарм намедоред?! Наход кас ба ҳамкораш назари бад дошта бошад?! Инҷо барои ошиқӣ омадед? Фарзандони мардум аз шумо чӣ меомӯзанд...
Ошиқи бечора аз шарм суп-сурх шуда, аз Гулбарг бахшиш пурсид ва дигар дар ин бора лаб накушод.
Орзуи модар
Аз байн як сол гузашт. Дар ин миён модараш, холаи Зайнаб чанд маротиба дар бораи хонадоршавии Мансур даҳон кушод, вале вай бо ҳар баҳона гапро ба дигар тараф бурда, мудом корро кашол медод.
“Бачам, охир то кай сари тоқ мегардӣ?! Дар синну соли ту акаҳоят ду-сетогӣ фарзанд доштанд. Ҳама ёру ҷӯраҳоят кайҳо хонадор шуданд. Ҳоло, ки ману падарат зиндаю саломат ҳастем, ягон духтари таги чашм кардагӣ дошта бошӣ, бигӯй, то ба хонаашон хостгорӣ рафта, келин биёрему ормон шиканем. Дониста бош, ки баъди сари мо ягон кас ғами туро намехӯрад ”,- зорӣ намуд шабе модар бо чашми ашкбор. Лаҳзае дар пеши назари Мансур симои зебои Гулбарг ҷилва кард, вале суханони талхи ӯро ба ёд оварда аз гуфтани рози дилаш худдорӣ кард.
Миш-миш-пресс
Саҳари рӯзи дигар холаи Зайнаб барои обгирӣ ба кӯча баромад. Ҳамсояҳо миш-мишкунон чизе мегуфтанд, аммо ӯро дида хомӯш шуданд.
-Ҳа, чӣ гап буд, ки маро дида ба лабатон кулӯх молидед?-Ошкоро пурсид Зайнабхола, ки табиатан зани шартакигӯй буд.
-Мегӯянд, ки Мансуратон ба духтари Холидаи дӯзанда ошиқ шудааст.
-Хайр, ошиқ шуда бошад, чӣ шудааст?! Гулбарг гул барин духтари хушрӯй, модараш ҳам занаки хуб аст, бо ҷону дил ӯро келин мекунам,-Ин сухани кампир ба рӯйи оташи ғайбати ҳамсояҳо оби сард рехт.
Рози дил
Зайнабхола наҳориро омода карда писарашро ба сари дастурхон даъват намуда баъди ношто гуфт:
-Муборак шавад бачам, ошиқиат кайҳо афсонаи мардум шудаасту мо бехабар мондаем!
-Нафаҳмидам. Шумо чиро дар назар доред,-ҳайрон шуд Мансур.
-Мегӯянд, ки бо Гулбарг мегардӣ,-модар шаф-шаф накарда якбора шафтолуи гапро гуфту интизори ҷавоб шуд.
-Намегардам. Вай ба ман маъқул, вале дилашро ёфта натавонистам. Як бор дар ин хусус лаб кушодам, чунон гапҳое гуфт, ки аз шарм замин накафид дароям,-лаб газид Мансур.
-Парво накун, дилашро худам меёбам,-бо дили пур ваъда дод модар.
Хушхабар
Зайнабхола медонист, ки модари Гулбарг дӯзанда аст, аз ин хотир матоеро таги каш карда бо баҳонаи куртадӯзӣ роҳи хонаи қудои ояндаашро пеш гирифт. Мансур бовар надошт, ки волидони духтар розӣ мешаванд, вале соате пас модараш бо табъи болида баргашт.
-Писарам, масъала ҳал шуд. Холида занаки мефаҳмидагӣ будааст, корро кашол надода гуфт, ки охири ҳафта хостгоронро фиристед!
Сари Мансур аз шунидани хушхабари овардаи модар гӯё ба осмон расида зери лаб мегуфт: “Акнун ба чангам меафтӣ, парии мағрур!”
Маслиҳати тӯй
Ҳамон бегоҳ Зайнабхола бародарону хоҳарони худ ва шавҳарашро барои пазондани маслиҳати тӯй ба хонааш таклиф кард. Ҳама хешу табор розӣ буданд, ба ҷуз зани амаки Мансур. Баъди рафтани меҳмонон янгааш Зуҳро Мансурро ба гӯшаи хилвате бурда гуфт:
-Мансурҷон, амакат пеш аз маргаш васият карда буд, ки албатта як духтарамонро ба ту диҳам. Ин гапро ба модарат гуфта будам, вале баҳона ҷуст, ки агар қудо шавем, хешу табориамон вайрон мешавад. Духтари ман аз кӣ кам аст, ки ба хонаи ким-кадом бегона хостгор мефиристед?
-Янгаҷон, духтаратон аз ягон кас кам нест, вале ман ӯро хоҳари худам барин медонам. Зану шавҳар шудани мо номумкин аст! Ба ғайр аз ин, ман Гулбаргро дӯст медорам...
Зуҳро давоми сухани Мансурро гӯш накарда бо қошу қавоқи гирифта ғур-ғуркунон аз дарвоза баромад.
Шаҳди висол
Хостгорон маслиҳатро пазонда баргаштанду баъди ду ҳафта тӯйи муаллиму муаллимаи ҷавон баргузор гашт. Дар маросими ақди никоҳи ошиқон ҳама иштирок доштанд, ба ҷуз янгаи Мансур Зуҳро. Домоди хушбахт бо ёри дилхоҳаш дар сари тахти арӯсӣ нишаста ҳар дам шӯхикунон мегуфт: “Ҳа муаллима, ман дар ду дунё шуморо намегирам гуфта будед, чӣ шуд, ки бо пойи худатон омадед?!” Гулбарг аз ин ҳазли домод лола барин сурх шуда, дар назар боз ҳам зеботар менамуд.
Моҳи асал
Зиндагии Гулбаргу Мансур афсонаро мемонд. Онҳо чунон ҳамдигарро дӯст медоштанд ва эҳтиром менамуданд, ки ҳаваси кас меомад. Ҳамсояҳо ҳар саҳар бо нигоҳи пурҳавас аз паси ин зану шавҳари ҷавон, ки даст ба дасти якдигар дода ба кор мерафтанд, нигариста мегуфтанд: “Қиссаи Лайлию Маҷнунро афсона гумон мекардем, лекин ишқу муҳаббати ҳақиқӣ ҳам будааст-дия!” Зайнабхола аз хушбахтии фарзандонаш меболид ва худоро шукрона мекард, ки чунин келини зебою боақлу ҳунармандро насибаш гардонидааст.
Нахли бесамар
Мансуру Гулбарг саргарми ишқу муҳаббати поки худ ва тарбияи фарзандони мардум шуда, нафаҳмида монданд, ки чӣ тавр аз ҷашни арӯсиашон панҷ сол гузашт. Ҷавононе, ки баробари ин муаллиму муаллимаи номдор хонадор шуда буданд, аллакай ду ва баъзеашон ҳатто сетогӣ фарзанд доштанд, вале нахли умри Гулбаргу Мансур ҳанӯз бе самар буд.
Зани амаки Мансур-Зуҳрохон ҳар гоҳи ба хонаи онҳо омаданаш “келини таърифиатон ҳоло ҳам бача накардааст-ку! Духтари маро назаратон нагирифту пул дода як гови қисир овардед,” гӯён ба захми дили модари Мансур намак мепошид.
(ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД)