Гулшан аз хонаи фолбин баромаду қадамашро сахттар карда, ҷониби истгоҳ раҳсипор гардид. Дар оғӯшаш лӯхтаки парпеч мисли тифли зинда ба назар мерасид.
-Ана акнун ҷазоятро мебинӣ, ҳаёти ширинатро талх мегардонам, мебинам, ки чӣ тавр таввалуд мекунӣ,-пичиррос зад зери лаб. Гулшан аз рашк нисбати зани дуввуми ҳамсараш печида, дар ин лаҳзаҳо ба ҳама кор қодир буд. Дугонааш ба ӯ маслиҳат дод, ки «як фолбини зӯр дорам, тамоми намуди гармиву хунукиро карда метавонад, агар хоҳӣ, туро бурда шинос мекунам, кундошатро ҷоду кун!»
Гулшан бо Насим муддати 15 сол зиндагӣ карданд. Аммо Насим аз соати аввали заношавҳарӣ гуфта буд, ки «туро ман дӯст надоштаам, ту интихоби падару модари манӣ». Ин суханони талхи шавҳар ҳамеша дар гӯши Гулшан садо медоду ӯро аз зиндагии оилавӣ дилхунук мекард. Баъди 15 соли хонадорӣ шиносе ба Гулшан хабар расонид, ки
шавҳарат зани дуввум дорад. Гулшан бо шавҳараш ҷанҷол бардошта гуфт, ки кӯдаконамро гирифта, ба хонаи модарам меравам.
-Равӣ, рафтан гир, барои ман фарқе надорад. Бале, ман зани дуввум дорам ва ӯ ҳомила асту фарзандро интизорем. Хоҳӣ исто, нахоҳӣ, чор тарафат қибла.
Гулшан баъди ин суханони шавҳар дар дил гуфт: «Эҳа, ман ба ягон ҷо намеравам, ман раваму зани ту ин ҷо каттагӣ карда гардад, не, ҳаргиз! Худамро оташ мезанаму аз ин ҷо намеравам». Гулшан роҳи ҳиллаву найрангро пеш гирифта, аз пайи ҷудо кардани шавҳараш аз зани дуввуми ӯ шуд. Бо ҳамин мақсад ба назди фолбин омад. Фолбин гуфт, ки барои ман аз мӯйи сари шавҳарат 7 тори дароз ва риштаҳои канабӣ биёр. Ба ивази хизматам ба ман сесад доллар медиҳӣ. Гулшан розӣ шуду фармудаҳои фолбинро иҷро кард.
Фолбин, ки илми сеҳри кашмириро аз худ карда буд, аз риштахои канаб ва чӯби сахти булут лӯхтаки дастӣ сохта, бо торҳои мӯйи Насим гардани ӯро сахт баст. Сипас кӯфу суф карда, ба чанд ҷойи лӯхтак сӯзан зад.
Ин лӯхтак мебоист ҳаёти зани дуввуми Насимро талх мекард. Акнун як илоҷ карда, бояд лӯхтакро ба Шарофат ҳадя мекард. Шабе бо меҳрубонӣ ба Насим гуфт:
-Мардакчон, биё акнун ману занатро шинос кун, вақте таввалуд мекунад, бо кӯдакон рафтуомад намоянд, қисмату насиба ҳамин будааст, ман дигар рашк намекунам. Ба тақдирам тан додам.
Насим ба суханони ҳамсари якумаш бовар карда, рӯзи дигар зани дуввумашро ба хонааш овард. Шарофат ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан хеле зани зебову хоксор буд. Ҳатто Гулшан баробари дидани палонҷаш аз дил гузаронид, ки «ин қадар зебо аст ин ҷавонзан, беҳуда шавҳарам ошиқи шайдои ӯ нагаштааст, аммо ман рӯзашро сиёҳ мекунам!» Гулшан худро зани хубу ҳалиму меҳрубон нишон дода, дастархони пурнозу неъмат орост ва кӯдаконашро даъват карда гуфт:
-Ин кас модари дуввуми шумо аст, аз ин пас ӯро эҳтиром намоед,- Шарофат аз нармгуфтории кундошаш хурсанд шуд. Ҳангоми хайрухуш Гулшан ба зани дуюми шавҳараш як буғча савғотӣ дода, лӯхтакро низ айёрона дода гуфт:
-Ин лӯхтакро ҳамроҳат бигир, ҳангоми тавлиди писари нахустинам модарам ба ман онро ҳадя карда, гуфта буд, ки ин лӯхтак меросӣ аст ва паёми нек меорад.
Шарофат лӯхтакро гирифта, миннатдорӣ баён кард. Аз он соате, ки Шарофат лӯхтакро ба хона овард, бадбахтиҳояш оғоз гардид. Сараш сахт дард карда, дарди ҷонкоҳи миён азобаш медод. Хобҳои парешон медид. Ҳатто шабҳо аз хоб беихтиёр хеста, ба берун мебаромад. Ба лӯхтак сахт меҳр баст Шарофат. Ин ҳолати занашро дида, Насим ба ҳайрат афтод.
-Ба ту чӣ шуд? Куҷоят дард мекунад? Ин лӯхтакро парто, чӣ ин қадар онро бо худат мегардонӣ?
-Ман аз хурдӣ лӯхтакбозиро дӯст медоштам ва худам ҳам бо риштаву матоъҳои гуногун лӯхтак месохтам. Занат гӯё ин муҳаббати маро пай бурда бошад, ки маҳз ба ман лӯхтак туҳфа кард. Ташаккур ба ӯ.
-Ба ин лӯхтаки беҷон меҳр баста, маро фаромӯш кардаӣ, ҷонам,-гила кард Насим.
-Шабҳои бе ту будан, лӯхтак ҳамроҳу ҳамрози ман аст.
Шарофат соат ба соат тағйир меёфт. Бо лӯхтак гап мезад, ақлашро гӯё бохта буд. Тифли батнаш 12-моҳа шуду зан ҳанӯз таввалуд накарда буд. Шарофат ҳар лаҳза аз дарди ҷонкоҳ дод мегуфт, вале кӯдак ба дунё намеомад. Дар беморхона гуфтанд, ки аз рӯйи ташхис ҳолати тифл хуб аст, вале соати тавлидаш наздик нест. Гуфтанд, ки маҷбуранд, тифлро ба воситаи ҷарроҳӣ бигиранд. Шарофат барои ҷарроҳӣ ҳеҷ розӣ намешуд. Як рӯз Шарофат ба лӯхтак курта дӯхта, ба дастони ӯ назар кард, чӯб мисли дарахти тирамоҳӣ заб-зард гашта буд.
-Худоё, ин лӯхтак чаро заб-зард гаштааст? –Шарофат каллаи лӯхтакро аз танаш ҷудо карданӣ шуд, аммо якбора шикамаш ба сӯзиш даромаду аз дард дод гуфт. Ӯро зуд ба беморхона бурданд. Баъди 12 моҳи интизорӣ Шарофат духтарча таввалуд кард. Аммо духтарчааш ба инсон монанд набуд, баробари дидани тифл дояи навбатдор аз тарс дод зада гуфт:
-Худоё, ин махлуқ аст ё тифл?
Шарофат сарашро базӯр аз кат бардошта, ба тифли гирёнаш нигоҳ кард. Тифл шабеҳи лӯхтаки чӯбин буд. Ӯ тарсида, тифлро ба дасташ нагирифт. Навзод беист почак мезаду пистони модарро меҷуст. Баъди се рӯз тифли деринтизор аз дунё гузашт. Шарофатро ба хона оварданд. Насим баъди ин ҳодиса ба зани дуввумаш рӯйи хуш намедод. Шарофат боз ба ҳамон лӯхтаки чӯбин банд шуд. Оҳиста-оҳиста Шарофат ақлу ҳушашро бохта, гапҳои подарҳаво мегуфтагӣ шуд. Насим акнун вақташро бештар бо зани якумаш мегузаронид. Гулшан, ки маҳз ҳамин вақти мусоидро интизор буд, боз ҳомиладор шуд. Насим аз вазъи зани дуввумаш хавотир шуда, ӯро ба хонаи хешаш бурда монду дигар хабар нагирифт. Шарофатро рӯзе аз сари қабри духтарчааш сармозадаву ба ҳалокат расида, дар оғӯшаш ҳамон лӯхтаки чӯбин пайдо намуданд. Аммо даҳшатноктаринаш ин буд, ки лӯхтак мисли ангишт сип-сиёҳ гашта буд.
Шаҳлои Наҷмиддин